Октябр 15, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои ҷолибе дар мавриди масрафи гӯшт аз каломи Имом Ризо(а)

Дар аҳодис ва ривоёти манқул аз Имом Ризо (а) дар кутуби мухталиф, тавсияҳои ҷолибе дар мавриди тарзи таҳия ва масрафи гӯшт, ки яке аз манобеи ғизоии аслии мост, вуҷуд дорад, ки мутолиа ва амал кардан ба онҳо зомини саломатии мо хоҳад буд.

Дар ривояте Имом Ризо (а) ба нақл аз падарони бузургвори хеш, ба нақл аз расули акрам (с), гӯштро беҳтарин ғизо дар дунё муаррифӣ карда мефармоянд: "" Беҳтарин ва болтарин хӯрокиҳо чӣ дар дунё ва чӣ дар охират гӯшт аст".

Саҳл бин Зиёд аз Муҳаммад бин Исмоил нақл мекунад: "Яке аз мо, дар ҳузури Абулҳасан Арризо (а) аз гӯшт сухан ба миён овард ва гуфт: "Ҳеч гӯште гуворотар аз гӯшти буз нест. Имом Ризо (а) нигоҳе ба ӯ андохт ва фармуд: "Агар Худованд гӯште гуворотар аз гӯшти меш офарида буд, ҳамонро ба ҷойи қурбонӣ кардани Исмоил мефиристод".

Яке  аз аз хӯрокиҳои лазиз гӯшти моҳӣ аст, ки имрӯзҳо ҳам масрафи зиёде пайдо кардааст. Имом Ризо дар мавриди масрафи ин моддаи протеинӣ супоришҳои  ҷолиб доранд.

Имом Ризо ба хидматкор фармуданд: "Барои мо гӯшти сар ва синаро харидорӣ кун ва аз қисматҳои пушт харидорӣ накун, зерои сар ва сина ба чарогоҳ наздиктар ва аз офот дуртаранд".

Имом Ризо (а) дар ҷойи дигар аз зарарҳои хурдани гӯшти хом сӯҳбат ба миён оварда ва мефармоянд, хурдани гӯшти хом дар шикам кирм падид меоварад.

Имом Ризо (а) дар бораи фавоид ва хавоси муфиди масрафи гӯшт ба нақл аз Имом Алӣ (а) мефармоянд: "Назди Паёмбар (с) аз гӯшт ва пиҳӣ ёд шуд, фармуданд: ҳеч порае аз ин ду дар меъда ҷой намегирад, магар ин ки дар ҷойи он, шифо мерӯяд ва беморӣ аз он ҷо меравад".

Алӣ бин Сулаймон гуфт: "Назди Имом Ризо (а) машғули хӯрдани каллапоча будем, ки ҳазрат савиқ (талқон) хост. Гуфтам, ман сер шудам. Ҳазрат фармуд, миқдори каме азталқон, каллапочаро ҳазм мекунад ва давои он мебошад".

Имом Ризо (а) дар баёне дигар дар бораи мудовимат ба хӯрдани гурда ва серобӣ мефармоянд: "Одат доштан ба хӯрдани гурда ва шикамбаи гусфанд мушакҳоро дигаргун мекунад".

 

Барчасп