Эътидол дар ҳазинаи зиндагӣ аз нигоҳи Имом Ризо (а)
(last modified Wed, 08 Nov 2017 04:43:26 GMT )
Ноябр 08, 2017 09:43 Asia/Dushanbe
  • Эътидол дар ҳазинаи зиндагӣ аз нигоҳи Имом Ризо (а)

Бар асоси фарҳанги Разавӣ, шоиста аст, ки фард дар идораи зиндагӣ зимни парҳез, исроф ва бухлварзӣ, эътидолро дар мудирияти хона ва хонавода риоят кунад.

Дар китоби Алхисоли Шайх Садуқ, ривояте дар ин бора аз имом Ризо (а), навишта шудааст: Шахсе ба номи Аббосӣ мегӯяд, аз имом Ризо (а) дар бораи харҷи хонавода пурсидам, фармуд. "Байналмакруҳайн, миёни ду ҳад нописанд бошад". Гуфтам фидоят шавам, савганд ба Худо намедонам ду ҳади нописанд кадом аст.

Фармуд, Худоят биомӯрзад, оё намедонӣ, ки Худои бузург исроф ва иқтор (танггирӣ дар харҷ ва масраф) ҳар дуро макрӯҳ ва нописанд хондааст.

Сипас имом ин ояро аз сӯраи Фурқон хонд: "Ва касоне ки чун харҷ мекунанд исроф накунанд ва бухл наварзанд ва миёни ин ду муътадил бошанд".