Ноябр 21, 2017 11:27 Asia/Dushanbe
  • Илму дониши Имом Ризо (а)

Имом Ризо (а) дониши худро аз ҷадди бузургвораш –Паёмбари акрам (с) ба ирс барда буд.

Вай сарчашмаи ҷӯшоне аз илму фазилат буд. Бар ҳамаи улуму дониш иҳотаи комил дошт ва муаррихон ва ровиён дар ин мавзӯъ иттифоқи назар доранд, ки ӯ донишмандтарин мардуми замони хеш ва донотар ва шоистатар аз ҳамаи онон дар фароизи дин ва дигар улум буд.

Торих бисёре аз мунозираҳои илмӣ ва мубоҳисоти фикрии он ҳазратро, ки муҷиби пирӯзӣ бар душманони Ислом шуда, барои мо баён кардааст.

Аз Имом Мусо бин Ҷаъфар (имоми ҳафтуми шиаён) ривоят шуда, ки ба фарзандони худ мефармуд: "Ин бародаратон Алӣ, олими Оли Муҳаммад аст. Масоили дини худро аз ӯ бипурсед ва он чиро ба шумо гӯяд нигаҳ доред".

Бистучанд соле беш надошт, ки дар Масҷидуннабӣ менишаст ва фатво медод. Худ мефармояд: "Ман дар равзаи Паёмбари Худо менишастам ва донишмандони Мадина чун дар масъалаҳо нотавон мешуданд, назди ман меомаданд ва масоилро аз ман мепурсиданд ва посух мешуниданд".

Илму дониши Имом Ризо (а) дорои ҳузури зеҳн, суръати интиқол, қуввати истидлол ва равоиву шунавоии калом буд. Мубоҳисоти он ҳазрат бо руасои адён ва донишмандон ва зиндиқ, ки ононро бо далоили равшан ва бурҳонҳои қотеъ маҳкум ва мағлуб мекард, далели ошкоре бар дараҷаи ҳузури зеҳн ва суръати интиқоли он ҳазрат аст.

Барчасп