Ноябр 26, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Бахшандагӣ ва эҳсони Имом Ризо (а)

Бахшандагӣ ва эҳсони Имом Ризо (а) аз маншаи имон ва мабдаи хайр бар мабнои фазл ва карами худовандӣ дар бораи вай сарчашма мегирад.

Барои он ҳазрат ҳеч амале дӯстдоштанитар аз меҳрубонӣ кардан ба мардум ва ба хусус ба фақирон набуд.

Таърихдонон намунаҳои бисёре аз саховат ва бахшандагии он ҳазратро зикр кардаанд.

 Имом Ризо (а) дар номае барои фарзандашон Имом Ҷавод (а) навиштанд: "Ба ман хабар расид, ки ҳангоми  хориҷ шудан ғуломон туро аз дари хурд берун мебаранд. Ин аз бахилии онон аст то хайре аз ту ба касе нарасад. Ба ҳаққе ки бар ту дорам аз ту мехоҳам вуруд ва хуруҷат аз дари калон бошад ва бо худ  динор ва дирҳам бигир то ҳар кас аз ту чизеро талаб кунад ба ӯ бидиҳӣ. Пас бисёр бахшиш кун!"

 Имом Ризо (а) вақте ки садақа медоданд чеҳраи худро мепӯшониданд. Сулаймон Ҷаъфарӣ сабабро аз имом пурсид. Имом Ризо (а) фармуданд : "Чун ниёзи ниёзмандеро бартараф мекунам, намехоҳам зиллати хоҳишро дар чеҳраи ӯ бубинам, то иззати нафасаш накоҳад".

Яъқуб ибни Исҳоқи Навбахтӣ гӯяд: Марде ба Имом Ризо (а) арз кард, ба андозаи ҷавонмардии худ ба ман ато кун. Имом Ризо (а) фармуданд: Наметавонам. Мард арз кард ба андозаи ҷавонмардии ман ато кун. Имом фармуданд: Дусад динор ба ӯ бидиҳед.

Имом Ризо (а) дар рӯзи Арафа ҳамаи дороии худро бахшиданд ва фармуданд: "Чизеро ки бо он подош ва бахшоиши Худовандро мехаред зиён ба шумор наёваред".

Барчасп