Усули зиндагӣ дар фарҳанги разавӣ
(last modified Wed, 20 Dec 2017 04:48:35 GMT )
Декабр 20, 2017 09:48 Asia/Dushanbe
  • Усули зиндагӣ дар фарҳанги разавӣ

Усули зиндагӣ дар фарҳанги разавӣ...

Тақво - меъёри илоҳӣ:

Рӯзе яке аз ёрони Имом Ризо (а) ба вай гуфт, ки шумо хайри олам ҳастед. Имом (а) фармуд: Беҳтарини мардум, ботақвотарини мардум аст.

Дар асл Имом Ризо (а) ояи шарифаи Қуръонро шоҳиди сухан оварда ва ёдоварӣ намуданд, ки назди Парвардгор милоки санҷиш тақвои илоҳӣ аст.

Рӯзе Зайд, бародари Имом Ризо (а) ба вай гуфт, ки ман фарзанди Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) ҳастам. Ҳазрат (а) билофосила фармуд: Ин амр замоне фахр дорад, ки тақво дошта бошӣ.

Шукри неъмат:

Имом Ризо (а) ба яке аз асҳоб фармуд: Вақте неъмате мерасад, ман нигарон мешавам, зеро намедонам метавонам шукри онро ба ҷо биёварам ё на.

Намози аввали вақт:

Иброҳими Абрешимфурӯш аз тарафи Имом Ризо (а) дар яке аз манотиқи Хуросон намози ҷамоат мехонд. Дар достоне вай бо Имом Ризо (а) ва теъдоде аз ёрон барои коре аз шаҳр хориҷ шуда буданд. Дар роҳи бозгашт, вай бо Имом Ризо (а) зудтар аз дигарон ва бо суръати бештар бармегаштанд.

Имом Ризо (а) дар миёнаи роҳ ба вай фармуд: Дар сояи деворе ки дар ин наздикӣ аст, истироҳате кунем. Вақте ба соя рафтанд, Имом (а) ба вай фармуд: Иброҳим азон бигӯ! Вай арза дошт, сабри кунем то дӯстонамон бирасанд. Имом ризо (а) фармуд: Худо туро бибахшад, ҳеч вақт намози аввали вақтро ақиб наандоз, магар ба сабабе, ки наметавон аввали вақт хонд. Бар ту лозим аст, ки ҳамеша дар зиндагӣ ба дунболи намози аввали вақт бошӣ.

Аз ин достон бармеояд, ки инсон бояд тамоми корҳои худро бар асоси намози аввали вақт барномарезӣ кунад. Иллати аҳамияти намози аввали вақт адаб аст, ки банда вақте Худованд ӯро садо мезанад бояд сареъ иҷобат намояд.

Инфоқ дар расидагӣ ба фақирон:

Рӯзе дӯстони Имом Ризо (а) дар манзили эшон ба баҳс мепардохтанд, ки ҷавоне баландқомат назди онҳо ворид шуд ва салом кард. Вай ба Имом Ризо (а) арза дошт, ки ман аҳли Хуросонам ва дар сафари ҳаҷ тушаамро гум кардаам ба ман кумак кунед ва ман аз тарафи шумо садақа мехоҳам. Имом Ризо (а) фармуд: Биншин. Баъд аз муддате ки баҳс бо ёрон тамом шуд, онҳо аз ҳузури ҳазрат мурраххас шуданд. Яке аз ёрон, ки кунҷков буд, саранҷоми хостаи он марди хуросониро бидонад, дар маҳзари ҳазрат монад. Имом Ризо (а) ба дохили утоқ рафтанд ва баъд аз лаҳзае аз пушти дари утоқ садо заданд: Марди хуросонӣ биё! Мард ба дами дари утоқ рафт. Имом (а) дасти мубораки худро берун оварда ва кисае пур аз зар ба ӯ доданд ва аз ҳамон пушти дар гуфтанд: Бирав ва ниёзе нест аз тарафи мо садақа бидиҳӣ. Вақте мард аз хона хориҷ шуд, ҳазрат берун омад, он ёри ҳазрат бо кунҷковӣ иллати ин ҳаракати Имом Ризо (а)-ро пурсид. Имом (а) фармӯд: Нахостам хиҷолат бикашад.

Ин асли каромат аст, ки сабки зиндагии разавӣ аст ва нуктаи қобили зикр дар мавриди Имом Ризо (а) ҳамин аст.

Дунболи подоши илоҳӣ будан:

Дар қазияи ҳаммоме, ки Имом Ризо (а) дар Нишобур вориди он шуданд, то ҳаммом кунанд ва он марди артишӣ, ки ворид ҳаммом шуда буд ва бо кибр бо Имом Ризо (а) сухан гуфта буд ва хоста буд то Имом Ризо (а) бар вай об бирезад ва пушти ӯро киса бикашад. Вақте соҳиби ҳаммом расид, дид ки коре ки набояд мешуда, шудааст. Бо асабоният ба марди артишӣ гуфт, магар эшонро намешиносӣ. Ва вақте Имом Ризо (а)-ро муаррифӣ кард ва вай аз Имом Ризо (а) узру бахшиш хост, Имоми Ризо (а) фармуд: Ҳамаи мои ниёзманди аҷри илоҳӣ ҳастем, чаро ман худро аз коре ки метавонад аҷри илоҳӣ дар он бошад, маҳрум кунам.