Ҳавои боронӣ ва абрӣ боздиҳии кориро боло мебарад
(last modified Sat, 19 May 2018 04:46:26 GMT )
Май 19, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳавои боронӣ ва абрӣ боздиҳии кориро боло мебарад

Ба гуфтаи донишмандон боздиҳи кори (коршоями)и инсонҳо дар ҳавои боронӣ афзоиш меёбад.

Сабаб ин аст, ки дар ҳавои боронӣ мизони диққат ва тамаркузи инсон дар муқоиса бо ҳавои офтобӣ бештар аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар , донишмандон муътақиданд, ки ҳавои боронӣ ва абрӣ боздиҳии кориро боло мебарад.Ба навиштаи рӯзномаи интернетии русии Новая газета муҳаққиқон ба манзури ин натиҷагирӣ ба баррасии фаъолияти мутахассисони бонкҳои жопунӣ пардохтаанд.Бонкҳои жопунӣ танҳо ҷое аст, ки мизони боздиҳии кории кормандон дар он сабт мешавад.Бар асоси нишондодҳои сабтшуда кормандони ин бонкҳо дар ҳавои абрӣ ва гирифта беҳтар кор мекунанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон партавҳои хуршед ва манзараи зебои берун доимо диққати кормандонро ба худ ҷалб мекунанд ва боис мешаванд онҳо барои анҷоми вазифаҳои худ ба замони бештаре ниёз дошта бошанд.