Май 27, 2018 09:02 Asia/Dushanbe
  • Беморие, ки бо

Мутолиот нишон медиҳад шахсе, ки азизеро аз даст медиҳад дар моҳи нахуст беш аз ҳар замоне дар маърази норасоиҳои қалбӣ ё сактаи мағзи сар қарор мегирад.

Пойгоҳи интерентии  "Дейли Майл" навишт: Пизишкон ҳушдор медиҳанд ки гирифторӣ ба синдроми "қалби шикаста", ки дар асари буҳронҳои отифӣ(эҳсосӣ) ё даргузашти яке аз наздикон дар бархе ашхос эҷод мешавад, метавонад онҳоро дар вартаи гирифторӣ ба мушкилоте монанди резиши мӯ, сардард , сактаи мағзи сар ва ҳатто саратон қарор диҳад.Ғаму ғусса ва нороҳатиҳои отифӣ таъсири бисёри қавӣ бар заъф ва ба вуҷуд омадани бемориҳои мухталиф дар ашхос доранд ва ҳатто метавонанд хатарҳои кушанда ба ҳамроҳ дошта бошад .

Мутолиот нишон медиҳад ғами аз дасти додани азизон фақат паёмҳое ҳамчун нигаронӣ ва афсурдагӣ ба ҳамроҳ надорад, балки метавонад системаи дифоии баданро заиф кунад ва инсонро дар муқобили бемориҳои содае ҳамчун сармохурдагӣ ё бемориҳои сахте ҳамчун саратон осебпазир кунад.Муҳаққиқон бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои ба даст омада дар ин мутолиа гуфтанд: Ғами аз даст додани дилбанде сабаб мешавад шахси мусибатзада 6 баробар беш аз давроне, ки ин мусибат бар ӯ ворид нашуда буд дар вартаи хатари марг бошад.

Онон иллати ин мавзӯро заъиф шудани системаи эминии бадан дар ин шароит ва аз байн рафтани қудрати муқовимат дар муқобили бемориҳо зикр кардаанд.Пизишкон ҳам яке аз сабабҳои ин рухдодро тарашшӯҳи моддаи кимиёии кортизол дар ин ҳангом дар бадан медонанд, ки яке аз омилҳои дучоршавӣ ба бемориҳо аст. Онон бемориҳои дигаре монанди диабет,асма, сактаи қалбӣ ва бемориҳои қалбиву рагӣ, дардҳои мушакҳо,шикастагии устухонҳо ва фишори хуни зиёдро ҳам аз ҷумлаи паёмадҳои  синдроми"қалби шикаста" дар миёни ашхоси ҷавон ва солманд муаррифӣ кардаанд.

Барчасп