Хоби рӯзона баъд аз чиҳилсолагӣ метавонад хатарнок бошад
(last modified Sat, 29 Sep 2018 05:08:49 GMT )
Сентябр 29, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Хоби рӯзона баъд аз чиҳилсолагӣ метавонад хатарнок бошад

Донишмандони донишгоҳи Кембриҷ таии таҳқиқоте мутаваҷҷеҳ шудаанд байни хоби рӯзона ва эҳтимоли марг робита вуҷуд дорад ва дар синни чиҳилсолагӣ хатари марги нобаҳангом дар хоб афзоиш меёбад.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар  пажӯҳишгарон таи сездаҳ сол шонздаҳ ҳазор нафарро зери назар гирифтаанд. Дар ибтидои таҳқиқот довталабон ба чанд пурсиш посух додаанд ва коршиносон пас аз дарёфти посухҳо пажуҳишро шуруъ кардаанд.

 Дар ниҳоят мушаххас шуда хоби миёнаи рӯз метавонад муҷиби марг шавад.Дар ашхоси чиҳил то ҳаштодсолае, ки одат доранд як соат дар рӯз бихобанд хатари марг чаҳордаҳ дарсад аз касоне, ки намехобанд бештар аст ва дар касоне, ки се соат мехобанд ин хатар то сездаҳ дарсад афзоиш меёбад.