Шинохти рӯзҳои ҳафта дар "Тибб-ур-Ризо"
Дар "Тибб -ур-Ризо" барои ҳар кадом аз рӯзҳои ҳафта коре таъриф шудааст.
Рӯзи шанбе: Рӯзи халқи ҷинниён, макр ва хидъа, рӯзи хариду фурӯш ва шустушуи либос, рӯзе, ки инсон бояд бадунболи рӯзӣ биравад.
Рӯзи якшанбе: Халқи одам ва хубиҳо, рӯзи боғбонӣ ва хонасозӣ аст. Ҳиҷомат дар ин рӯз шифои ҳар дарде зикр шудааст ва маъсумин (а) ҳиҷомат менамуданд.
Рӯзи душанбе: Рӯзи халқи чорпоён, хушкӣ, дарё, рӯзи сафар кардан (баъд аз зуҳр), рӯзи рафъи ҳавоиҷ, рӯзе, ки паёмбар ҳиҷомат мекард ва оғози тақдир шудани аъмол назди имоми Замон (а) аст, чун паёмбари акрам дар ин рӯз риҳлат фармуданд, рӯзи ҳузни муслимин аст.
Рӯзи сешанбе: Рӯзи дуо ва ҷанг ва шуруи корҳост, дар рӯзи сешанбе ҳиҷомат ва понздаҳум ва ҳафдаҳум ва чаҳордаҳум ва бисту якуми ҳар моҳ шифои ҳар дарде ҳиҷомат аст.
Рӯзи чаҳоршанбе: Рӯзи халқи парандагон, рӯзи халқи ҷаҳаннам ва дарандагони ваҳшӣ ва рӯзи шуруи корҳо ва мудово кардани бемориҳост, албатта рӯзест, ки навра кашидан (истифода аз доруи беҳдоштии ҳаммом) эҷоди барас ё песӣ (бемории эҷоди лаку песӣ рӯи пуст) мекунад.
Рӯзи панҷшанбе: Рӯзи халқи осмон, биҳишт ва малоика мебошад. Рӯзи гирифтани нохун, талаби арзоқ ва қазои ҳавоиҷи шахсӣ, рӯзи боло рафтани аъмол ва арзаи он ба имоми Замон (а) аст. Аз асри панҷшанбе ғусли ҷумъа мустаҳаб аст. Ҳиҷомати аввали рӯз дар охирин панҷшанбеи ҳар моҳ илоҷи ҳамаи дардҳост дар панҷшанбе, ки мусодиф аст, бо (21-17-15) ҳиҷомат намудан аз туғёни хун ҷилавгирӣ мекунад. (Илоҷи фишори хун аст).
Матолиби марбут ба рӯзи ҷумъа баъдан дарҷ мешавад.