Дар хӯрдани об диққат кунед
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i39337-Дар_хӯрдани_об_диққат_кунед
Дар бархе ривоёт омадааст, ки ҳар вақт хостӣ ғизо бихурӣ, меъдаатро се қисмат кун: як сеюм барои ғизо ва як сеюм барои об ва як сеюм ҳам барои ҳаво.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 10, 2018 07:20 Asia/Dushanbe
  • Дар хӯрдани об диққат кунед

Дар бархе ривоёт омадааст, ки ҳар вақт хостӣ ғизо бихурӣ, меъдаатро се қисмат кун: як сеюм барои ғизо ва як сеюм барои об ва як сеюм ҳам барои ҳаво.

Яке аз одатҳои ғизои номуносиб нӯшидани об ё моеоти дигар дар байни ғизо аст.

Коршиносони тағзия муътақиданд, ки нӯшидани об дар ҳангоми ғизо хӯрдан боиси нафису борик шудани экзимҳо (фермент)-и гуворишӣ ва ихтилол дар амали ҳазму ҷазби маводи ғизоӣ мешавад. Ба гуфтаи коршиносони тағзия об нӯшидан байни ғизо сабаби тунук шудани шираи меъда шуда ва дар натиҷа кунд шудан ва ихтилол дар ҳазм ва ҷазби маводи ғизоӣ, эҷоди вараму сангинӣ дар дастгоҳи гувориш ва дар ниҳоят бадҳазмӣ ва илтиҳоби меъда хоҳад шуд.

Имом Ризо (а) барои ҷазби маводи ғизоӣ ба бадан ва баҳраи ҳаддиаксарии бадан аз ғизоҳо нӯшидани об дар байни ғизоро манъ карда ва мефармоянд: "Ҳар кас бихоҳад, ки меъдааш нороҳат нашавад, дар байни ғизо об наёшомад то вақте ки хӯрдани ғизо поён ёбад. Ҳар кас дар ҳангоми хӯрдани таом об бихурад, баданаш мартуб ва меъдааш заиф гардад ва рагҳои ҷавҳар ва қуввати ғизоро намегирад".

Ин кор зарарҳои дигар ҳам дорад. Имом Ризо (а) ин корро муҷиби тахриби дандонҳо ҳам дониста ва аз нӯшидани оби сард пас аз ғизои гарм моро барҳазар доштаанд. Он ҳазрат мефармоянд, нӯшидани оби сард пас аз ғизои доғ ва ширинӣ боиси аз байн рафтан ва фасоди дандонҳо мегардад.