Январ 22, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Баракат дар зиндагӣ аз нигоҳ имом Ризо (а)

Имом Ризо (а) дар бораи омили муҳими баракат яъне итоати Худованд мефармояд: Худованди мутаъол ба яке аз пайёмбарон ваҳй фиристод, ки ҳаргоҳ ман итоат шавам рози мегардам ва онгоҳ, ки ризоят доштам, баракат медиҳам ва баракати ман бепоён аст.

Абосалти Ҳиравӣ ривоят мекунад ҳангоме, ки ҳазрати имом Ризо (а) ба Санобод ворид шуданд ба канораи куҳе наздики Санобод, ки аз сангаш дегу дегчаҳои сангӣ дуруст мекунанд расидем, имом ба тахта санге аз куҳ такия заданд ва ру ба осмон фармуданд: Худовандо! Мардумро аз ин куҳ суд бирасон ва ғизоҳоеро, ки мардум дар дегҳо ва зарфҳои сангии ин куҳ мепазанд баракат ато фармо. Сипас дастур доданд дегчаҳое аз ҳамон санг барояшон биёваранд ва фармуд: Ғизои маро дар ҳеҷ зарфе напазед магар дар ҳамин зарфҳои сангӣ. Яке аз муҳимтарин авомили баракат дар ризқу рӯзӣ, доштани эмон ва тақво, амал ба воҷибот ва тарки муҳаррамот буда ва инҳироф аз роҳи Худо худ сабаби заволи ниъматҳо ва нобудии баракат аз зиндагӣ мешавад. Имом Ризо (а) ба нақл аз пайёмбари Акрам (с) фармуд: уммати ман, то ҳангоме, ки якдигарро дуст бидоранд ба якдигар ҳадия диҳанд, амонатдорӣ кунанд, аз ҳаром иҷтиноб кунанд, меҳмонро гиромӣ доранд, намозро ба по доранд ва закот бидиҳанд, дар хайру хубӣ хоҳанд буд. Пас агар ин корҳоро анҷом надиҳанд, ба қаҳтӣ ва хушксолӣ мубтало хоҳанд шуд.

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар баёне дигар мефармояд: ризқу рӯзии  камро ночиз мешуморед, зеро инкор шуморо аз неъматҳои фаровон маҳрум месозад. Яке аз авомили баракат дар зиндагӣ аз нигоҳи имом Ризо (а) тиловати Қуръон аст.

Аз имом Ризо (а) ривоят шуда, ки ҳазрати Расул (с) фармуданд: барои хонаҳои худ, саҳме аз тиловати Қуръон қарор диҳед, зеро ҳаркас дар хонаи худ Қуръон тиловат кунад, корҳои аҳли он хона осон гардад ва хайру баракат дар он хона зиёд шавад ва ҳар хонае, ки дар он Қуръон тиловат накунанд корҳо бар аҳли он танг шавад  ва хайру баракат дар он хона кам гардад ва сокинони он бебаракат ва дар нуқсон бошанд.

Омили дигари эҷоди баракат дар зиндагӣ ёду номи Худо дар корҳост. Дар ин замина имом Ризо(а) ба нақл аз паёмбари акрам (с) мефармояд: Худованд фармуд: Ҳаргоҳ банда бигуяд “Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим”, Худои мутаол мегуяд : бандаи ман бо номи ман оғоз кард, бар ман аст, ки корҳояшро ба анҷом расонам ва ӯро дар ҳама ҳол баракат диҳам.

 

Барчасп