Зарурати нӯшидани фаровони мойеот барои рӯзадороне бо собиқаи санги гурда
(last modified Sun, 12 May 2019 05:30:58 GMT )
Май 12, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • Зарурати нӯшидани фаровони мойеот барои рӯзадороне бо собиқаи санги гурда

Узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Бақиятуллоҳ гуфт, афроде, ки собиқаи санги гурдаи кӯчак доранд, бо нӯшидани мақодири фаровони мойеот дар фосилаи ифтор то саҳар (8 литр) метавонанд нисбат ба рӯзадорӣ иқдом кунанд.

Ба гузориши ИРНА, доктор Қайюмӣ дар остонаи фаро расидани моҳи мубораки Рамазон афзуд: "Ба афроде, ки собиқаи санги гурдаи уфунӣ ва уфунати фаъоли куллия ҳастанд, рӯзадорӣ тавсия намешавад.

Вай афзуд: "Касоне, ки барои нахустин бор дар рӯзҳои ахир ба санги куллия дучор шудаанд, мамнуъияте барои гирифтани рӯза надоранд, аммо касоне, ки куллияи худро бар асари ибтило ба санги куллия аз даст додаанд, муҷоз ба гирифтани рӯза нестанд".

Афроде ҳам, ки дар собиқаи пизишкии худ як бор ба санги куллия дучор шудаанд ва чандин соле аст, ки ба он мубтало нашудаанд, метавонанд рӯза бигиранд ва онон бояд аз мойеот фаровон истифода кунанд.

Муҳимтарин омил дар эҷоди санги гурда ғализии маводи тавлидкунандаи санг, аз ҷумла калсиюм дар пешоб аст, ба тавре, ки ҳар чӣ мизони калсиюм дар воҳиди ҳаҷми идрор (пешоб) бештар бошад, имкони сангсозии гурда афзоиш меёбад.

Мавзӯи аслӣ дар пешгирӣ аз эҷоди санги куллия рақиқ (нозук) нигаҳ доштани идрор тайи 24 соат аст, бинобар ин тайи рӯзадорӣ ба назар намерасад битавон идрорро барои кулли муддати рӯз рақиқ нигаҳ дошт. Ҳатто агар мойеоти зиёде ҳам аз ифтор то саҳар масраф шавад, ба иллати афзоиши ҳаҷми дохили рӯда, бахши аъзами он дар чанд соати нахуст дафъ мешавад ва пас аз он бо масраф накардан, идрор дубора ғализ мешавад.

Пас ҳарчӣ замони рӯзадорӣ тӯлонитар ва обу ҳаво гармтар ва имкони аз даст додани об аз тариқи пӯст бештар бошад, идрор ғализтар хоҳад шуд ва имкони ташкили ҳастаи аввалияи санг рӯйи он вуҷуд дорад. Аз ин рӯ афроде, ки куллияҳои сангсоз доранд, нӯшидани ҳадди ақал 12 ливон (стакан) об дар рӯзҳои гарми сол ба онон тавсия мешавад.