Шаби ялдо: баландтарин шаби сол
(last modified Sat, 21 Dec 2019 05:04:37 GMT )
Декабр 21, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Шаби ялдо: баландтарин шаби сол

Шаби ялдо ё шаби ҷилла баландтарин шаби сол дар ним кураи шимолии замин аст, ин шаб ба ҳангоми ғуруби офтоб аз 30 озар “Охирин рӯзи тирамоҳ” то тулӯӣ офтоб дар 1 дей “Нахустин рӯзи заминстон” итлоқ мешавад, эрониён ва бисёре аз дигар қавмҳо ин шабро ҷашн мегиранд.

Эрониён гоҳ шаби ялдоро то даминдани партави “Равшанӣ” пагоҳ дар доманаи кӯҳҳои Албурз ба интизори боз зойидашудани хуршед менишастанд, бархе дар меҳробаҳо “Ниёйшгоҳҳои пайравони ойини Меҳр” ба ниёйиш машғул мешуданд то пирӯзии Меҳр ва шикасти Аҳриманро “Ақли палид, шайтон” аз Худованд талаб кунанд, рӯзи пас аз шаби ялдо “Якуми дей моҳ”- ро хур  рӯзи яъне  “Рӯзи хуршед” ва дейгон мехонанд ва ба истироҳат мепардохтанд ва таътили умуми буд, хур рӯз дар Эрони бостон рӯзи баробарии инсонҳо буд, дар ин рӯз ҳамагон аз ҷумла подшоҳ либоси сода мепушиданд то яксон ба назар оянд

ва касе ҳақи дастур додан ба дигаре надошт ва корҳо довталабона анҷом мегирифт на таҳти амр.

Дар ин рӯз ҷанг кардан ва хунрезӣ ҳатто куштани гусфанд ва мурғ ҳам мамнуъ буд, бештар мардум даст аз кор мекашиданд ва намехостанд эҳёнан муртакиби бадӣ шаванд, ки ойини Меҳр иртикоби ҳар кори бади кучакро дар рӯзи таваллуди хуршед гуноҳе бисёр бузург мешумурд. Эрониён ба сар ва чашми мазҳари қудрат дар баробари торикӣ ва сармо менигаристанд ва дар хур рӯз дар баробари он меистоданд ва аҳд мекарданд, ки то соли баъд як сарв  яъне  дарахти дигар бикоранд.

Ҷашни ялдо дар Эрони имрӯз низ бо гирди ҳам омадан ва шабнишинии аъзои хонавода ва ақвом дар канори якдигар баргузор мешавад, маталгуие, ки навъи шеърхонӣ ва достонхонӣ аст дар қадим иҷро мешудааст ба ин сурат, ки хонаводаҳо дар ин шаб гирд меомаданд ва пиртарҳо барои ҳама қисса таъриф мекарданд. Ойини шаби ялда ё шаби чилла, хурдани оҷили махсус, ҳандивона, “Табуз” анор ва ширинӣ ва меваҳои гуногун аст, ки ҳама ҷунбаи намодӣ доранд ва нишонаи баракат, тандурӯстӣ, фаровонӣ ва шодкомӣ ҳастанд, ин меваҳо, ки ағлаб донаҳои зиёде доранд, навъи ҷодувии сироятӣ маҳсуб мешаванд, инсонҳо бо тавассул ба баракатхезӣ ва пурдона будани онҳо, худашонро низ монанди онҳо баракатовар мекунад ва нерӯйи борвариро дар хеш афзоиш медиҳанд ва ҳамчунин анор ва ҳендувона “Тарбуз”  бо ранги сурхашон намояндагоне аз хуршед дар шаб ба шумор мераванд, дар ин шаб ҳам мисли ҷашни тиргон, “Ҷашне, ки дар тир рӯз сездаҳум аз тир моҳ барпо мешавад”  фолгирифтан аз китоби ҳофиз марсум аст, ҳозирон бо интихоб ва шикастани гирду “Чормағз” аз рӯйи пукӣ ва ё пурии он, ояндагӯӣ мекунанд.