Май 04, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои имом Ризо алайҳиссалом барои рӯзҳои поёнии моҳи мубораки Рамазон

Дар ривоятҳои исломӣ Рамазон моҳе, ки ибтидояш раҳмат ва миёнааш мағфират ва поёнаш озодӣ аз оташи ҷаҳаннам аст муаррифӣ шуда ва тасреҳ гардидааст, ки дарҳои осмон дар аввалин шаби моҳи Рамазон гушуда мешаванд ва то охирин шаб баста намешванд; моҳе, ки Худованд дар он ҳасанотро меофзояд ва гуноҳонро пок мекунад.

Яке аз бофазилаттарин айём ва шабҳо, даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон аст. Тибқи ривоятҳои расида аз аҳли байт (а) пайёмбари акрам (с) ин даҳаро ба эътикоф гузаронда ва ба ибодат ва шабзиндадорӣ машғул буданд. Имом Ризо (а) ҳам мефармояд: Падарам дар даҳаи охири моҳи Рамазон дар ҳаршаб бист ракъат ба намозҳои мустаҳабии шабҳои моҳи Рамазон меафзуд.

Ҳамчунин имом Ризо алайҳиссалом мефармояд:  Амиралмуъминин алайҳиссалом се шабро намехобид: Шаби бисту севуми моҳи Рамазон, шаби Иди фитр ва шаби нимаи моҳи шаъбон; дар ин шабҳо, рӯзиҳо тақсим ва муддати умр ва ҳар ончи дар он сол рух хоҳад дод, таъин мешавад.

Имом Ризо (а) дар рӯзи Иди фитр аз маҳалле убур мекарданд, ки иддае машғули ханда ва саргармӣ буданд. Имом Ризо (а) дар баёне зебо Рамазонро ба майдони мусобиқае барои бандагони Худо ташбеҳ карда ба асҳоби худ фармуд: Ҳамоно Худованди соҳиби иззату ҷалол, моҳи Рамазонро майдони мусобиқае барои бандагонаш офарид то дар ин моҳ бо пайравӣ аз Худованд ба сӯи биҳишт пешӣ гиранд. Пас гурӯҳе пешӣ гирифтанд ва ба пирӯзӣ даст ёфтанд ва касоне дигар боз монданд ва маҳрум гаштанд. Шигифто (ва шигифто) аз касе, ки саргарми ханда ва бозӣ аст (он ҳам) дар рӯзе, ки некӯкорон савоб ва аҷр мебаранд ва кӯтоҳӣ кунандагон маҳрум мешаванд. Ба Худо қасам агар парда ва ҳиҷобҳо канор равад, ҳар ойина некӯкор ба кирдори неки худ ва гуноҳкор ба гуноҳаш машғул мешавад.

 

Барчасп