Имом Ризо (а) дар нигоҳи шоирон
(last modified Mon, 29 Jun 2020 04:20:12 GMT )
Июн 29, 2020 09:20 Asia/Dushanbe
  • Имом Ризо (а) дар нигоҳи шоирон

Аз ҳамон даврони имом Ризо (а), шоирон ва нависандагон дар васфи бузургавории он ҳазрат бисёр сурудаанд ва навиштаанд ва ҳар як ба гунае он имомро ба некӣ васф кардаанд.

Шоире буд ба номи Абу Нувос, ки дар сурудан бисёр тавоноӣ дошт. Ба ӯ гуфтанд: Ту дар бораи ҳама чиз шеър гуфтаӣ, кӯҳу дашту шаробу мусиқиро дар ашъори худ сутудаӣ, аммо шигифто, ки дар бораи мавзӯи муҳиме монанди шахсияти волои имом Ризо сукут кардаӣ ! дар ҳоле, ки ту ишонро хуб мешиносӣ ва бо ахлоқу рафтору бузургавории ҳазрат ошноии комил дорӣ.  

Абу Нувос ибтидо дар посух гуфт: Ба Худо савганд, танҳо бузургии ӯ монеъ аз анҷоми ин кор шудааст, чигуна касе чун ман, дар бораи шахсияти барҷастае ҳамчун имом Ризо(а) шеър бисарояд?

Онгоҳ шеъре гуфт, ки чакидаи маънии он чунин аст: Аз ман нахоҳед, ки ӯро биситоям, манро тавони он нест то инсонеро мадҳ кунам, ки Ҷабраил хидматгузори остони падари ӯст. Шоирони форсизабон низ дар бораи имом Ризо (а)  сурудаҳои фаровоне доранд.