Ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
https://parstoday.ir/tg/radio/west_asia-i125456-Ҳамлаҳои_густурдаи_ҳавоӣ_ва_тӯпхонаии_режими_саҳюнистӣ_ба_ҷануби_Лубнон
Порс Тудей - Манбаъҳои хабарии Лубнон аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаии густурдаи артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи ҷануби ин кишвар аз ҷумла «Доҳа Кафарруммон», «Алиуттоҳир» ва «Ал-Мансурӣ» хабар доданд.
(last modified 2026-08-22T06:31:23+00:00 )
Август 22, 2026 11:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
    Ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Порс Тудей - Манбаъҳои хабарии Лубнон аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаии густурдаи артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи ҷануби ин кишвар аз ҷумла «Доҳа Кафарруммон», «Алиуттоҳир» ва «Ал-Мансурӣ» хабар доданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди ҷумъа бо парвоз дар иртифои бисёр поин, чандин минтақа дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор доданд.

Дар ҷараёни ин ҳамлаҳо минтақаҳои «Доҳа Кафарруммон» ва «Алиуттоҳир» дастикам се бор мавриди исобати ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд.

Минтақаи «Ал-Мансурӣ» дар ҷануби Лубнон ҳам ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон бо ҳамлаҳои ҳавоӣ, тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ низ ба таври мустамир, минтақаҳои «Майфадун», «Алиуттоҳир», «Ад-Дабша» ва атрофи «Доҳа Кафарруммон»-ро зери оташи вазнин қарор дод.

То кунун гузорише аз талофоти ҷонӣ ё хисороти молии эҳтимолии ин ҳамлаҳо мунташир нашудааст.