Ҷустуҷу
-
Aug 08, 2017
Зиёратшоҳ Аҳмадшоҳ. Дувумин нишасти Комиссияи иқтисодӣ ва ҳамкории кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи 16-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.
-
Aug 08, 2017
Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
-
Aug 05, 2017
Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар шаҳри Душанбе раванди иҷрои тарҳи КАСА 1000-ро баррасӣ карданд.
-
Aug 05, 2017
Гурӯҳҳои вижаи муқобила бо ҳиҷоби исломӣ дар шаҳри Душанбе бонувони боҳиҷобро ба ҷаримаи сангини молӣ таҳдид кардаанд.
-
Aug 04, 2017
Баррасии масоили мавҷуд дар равобити Тоҷикистону Эрон, ҳукми зиндони кормандони ҳукуматӣ, сарнавишти генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ва маҳкумияти тарғиби ҳамҷинсгароӣ аз сӯйи расонаҳои ғарбӣ аз ҷумлаи муҳимтарин матолиби нашрияҳои чоп Душанбе аст.
-
Jul 31, 2017
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз камбуди мусофирон дар хатсайри Душанбе-Тошканд хабар дод.
-
Jul 28, 2017
Шикасти сукути тӯлонии раҳбарияти бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк”, худдории созмонҳои молии ҷаҳон аз кумак ба буҷаи давлатии Тоҷикистон, тақвияти назорат бар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ва интиқод аз шароити номуносиби кори занони муҳоҷир дар Арабистони Саудӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳои матолиби нашрияҳои чопи Душанбе аст.
-
Jul 27, 2017
Дар нишасте дар қолаби гуфтугӯи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иёлоти муттаҳида дар шаҳри Душанбе масоили амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
-
Jul 26, 2017
Мақомоти шаҳрдории Душанбе эълом кардаанд, ки ба дунболи пайдо кардани сармоягузорон барои идомаи фаъолияти тарҳи мавсум ба “Манзили дастрас” мебошанд, ки ба далели буҳрони молӣ бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
-
Jul 25, 2017
Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Яке аз кишварҳое, ки боиси сардии равобити байни Теҳрону Душанбе шуда, Арабистони Саудӣ аст.
-
Jul 21, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ. Паёмадҳои сел дар Дарвоз, мубориза бо фасоди молии мақомот ва мушкилоту масоили бонкӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар матбуоти ин ҳафтаи пойтахти Тоҷикистон бозтоб доштаанд.
-
Jul 20, 2017
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз бозгушоии роҳи иртиботии Душанбе – Хоруғ дар рӯзҳои пеши рӯ, хабар дод.
-
Jul 20, 2017
Бо рӯи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон равобити Душанбе – Тошканд, рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
-
Jul 20, 2017
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ дар ҳафтаи оянда боз хоҳад шуд.
-
Jul 19, 2017
Шабакаи телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-и Тоҷикистон бо пахши филме аз оғози гаштзании гурӯҳҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки бонувони боҳиҷобро ба бардоштани ҳиҷобашон тарғиб мекунанд.
-
Jul 18, 2017
Нерӯҳои имдодии Тоҷикистону Чин барои бозгушоии роҳи иртиботии Душанбе – Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки бар асари селу тӯғёни оби рӯдхонаи марзи Панҷ аз ҳаштуми июл баста шудааст, талош мекунанд.
-
Jul 18, 2017
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи пайгирии тавофуқоти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон бо ҳузури ҳайатҳои ду кишвар оғоз ба кор кард.
-
Jul 17, 2017
Кумитаи пайгирии тавофуқоти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон имрӯз бо ҳузури намояндагони ду кишвар дар Душанбе оғоз ба кор кард.
-
Jul 17, 2017
Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гуфт: Ихтилофоти марзии Душанбе ва Тошканд танҳо дар 93 километр аст, ки ба зудӣ ин ихтилоф низ бартараф мешавад.
-
Jul 14, 2017
Иҷлоси вижаи даҳумин солгарди тасвиби Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар, қатли наздикони сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ва паёмадҳои оташсӯзӣ дар бозори “Корвон” аз ҷумлаи муҳимтарин матлабҳои ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта мебошанд.