Баррасии тавофуқоти Теҳрону Душанбе дар нишасти дуҷониба
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи пайгирии тавофуқоти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон бо ҳузури ҳайатҳои ду кишвар оғоз ба кор кард.
Кумитаи пайгирии тавофуқоти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон асри дирӯз бо ҳузури намояндагони ду кишвар дар Душанбе оғоз ба кор кард. Дар ин нишаст ду тараф ба амалӣ шудани тавофуқоти байни Эрону Тоҷикистон ва афзоиш сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
Дар ин нишасти дӯруза, ки 17 июл оғоз шуда, имрӯз низ идома дорад, масъулини вазорату идораҳои мухталифи давлатӣ аз ду ҷониб ширкат доранд ва раванди иҷрои тавофуқоти ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорию фарҳангии Тоҷикистону Эронро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар оини бозгушоии ин нишаст бар зарурати пайгирии тавофуқоти ҷаласаҳои Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, талош барои амалисозии тавофуқоти дуҷониба аз тариқи таъсиси кумитаи пайгирӣ ҷиҳати густариши равобити Тоҷикистону Эрон бисёр муҳим буда, Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ танҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ин шеваро ба кор гирифтааст. Доктор Ҳамидризо Ташайюӣ, намояндаи Вазорати нерӯи Эрон ва раиси кумитаи пайгирии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Садои Хуросон” гуфт, баргузории муназзами ҷаласаҳои кумитаи пайгирӣ барои амалӣ шудани тавофуқоти дуҷониба бисёр муҳим аст. Ба гуфтаи доктор Ташайюӣ, дар ин нишасти дӯруза иҷрои тавофуқоти Тоҷикистону Эрон дар арсаи бонкдорӣ, тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ ва баҳсҳои омӯзишию фарҳангӣ миёни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, баъди бозгушои ҷаласаи ҳайатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби се коргурӯҳ, иқтисод ва тиҷорат, зерсохтҳо ва равобити сиёсӣ, байналмилалӣ ва фарҳангӣ кор худро шурӯъ кард. Интизор меравад, дар поёни нишасти кумитаи пайгирии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон миёни ҳайатҳои ду кишвар суратҷаласае аз натоиҷи он имзо шавад.