Ҷустуҷу
-
Oct 23, 2019
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии фурудгоҳиро таҳвили мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дод.
-
Oct 23, 2019
Сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон дар маросиме устуворномаи худро ба раисҷумҳури ин кишвар тақдим кард.
-
Oct 23, 2019
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозии аввали худ дар баробари тими миллии Непал ба пирӯзӣ расид.
-
Oct 23, 2019
Додгоҳи олии Тоҷикистон ду писари муассиси собиқи гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро ба зиндон маҳкум кард.
-
Oct 23, 2019
Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз ибтидои имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 29 дарсад коҳиш ёфтааст.
-
Oct 23, 2019
Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз таваққуфи фаъолияти 260 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ дар 9 моҳи гузашта дар ин кишвар хабар додааст.
-
Oct 22, 2019
Қарор аст ба зудӣ Ниҳоди вижаи мудирияти нақбҳо дар Тоҷикистон таъсис шавад.
-
Oct 22, 2019
Тоҷикистон таи 9 моҳи соли равон 768 миллион доллар содирот дошта, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 40 миллион доллар коҳиш доштааст.
-
Oct 22, 2019
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ҳукме дарёфти боҷи зистмуҳитӣ аз худравҳо ва мошинҳои борбарии қирғизӣ, ки қасди вуруд ба хоки Тоҷикистон дорандро бекор кард.
-
Oct 22, 2019
Автобусҳои мусофирбарӣ дар шашумин масири нави иртиботӣ аз маркази ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон ба мақсади Қӯқанди Узбакистон оғоз ба кор карданд.
-
Oct 22, 2019
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши сафари шаҳрвандон ва гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар таи 9 моҳи соли равон хабар дод.
-
Oct 21, 2019
Утоқи саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии тахассусӣ дар пойтахти ин кишвар хабар дод.
-
Oct 21, 2019
Бонки ҷаҳонӣ аз кунд шудани сурати коҳиши фақр дар кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Oct 21, 2019
Устоди рӯзноманигори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муътақид аст,ки ҳеҷ нерӯе наметавонад миёни Эрон ва Тоҷикистон ҷудоӣ андозад.
-
Oct 21, 2019
Муовини вазири ҳамл ва нақли Тоҷикистон аз баррасии пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба бунёди Оғохон барои сохти пули нави иртиботӣ миёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва минтақаи ҳам номи он дар вилояти Тахори Афғонистон хабар дод.
-
Oct 20, 2019
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни асосии ин кишвар, тарҳи қонуни афви умуми зиндониёнро имзо ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироа кард.
-
Oct 20, 2019
Бонки ҷаҳонӣ гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, камбуди ҳотел ва шароити номусоиди беҳдоштӣ дар ноҳияҳои куҳистонии Тоҷикистонро аз монеаҳои рушди гардишгарӣ дар ин кишвар унвон кардааст.
-
Oct 20, 2019
Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати нави ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористиро мунташир кард, ки дар муқоиса бо соли пеш шумори ин ашхос афзоиш ёфтааст.