Оғоз ба кори автобусҳои мусофирбарӣ дар шашумин масири нави иртиботӣ аз Тоҷикистон ба мақсади Узбакистон
(last modified 2019-10-22T04:36:47+00:00 )
Октябр 22, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори автобусҳои мусофирбарӣ дар шашумин масири нави иртиботӣ аз Тоҷикистон ба мақсади Узбакистон

Автобусҳои мусофирбарӣ дар шашумин масири нави иртиботӣ аз маркази ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон ба мақсади Қӯқанди Узбакистон оғоз ба кор карданд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, ин масир 85 километр тул дорад, ки нархи чипта барои ҳар мусофир 23 ҳазор суми узбакистонӣ (баробар бо 2 ва ним доллар) аст.

Пеш аз ин миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ дар масирҳои Тошканд-Хуҷанд, Тирмиз-Душанбе, Фарғона-Хуҷанд, Деҳнав-Душанбе ва Самарқанд-Панҷакент роҳандозӣ шуда буд.

Ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Узбакистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 бо оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон қатъ шуда буд, ки пас аз 26 сол вақфа дар соли 2018 дубора аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон таи 9 моҳи соли равон 600 ҳазор нафар  шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки 63 аз даҳ чаҳор  дарсад аз теъдоди кулли шаҳрвандони хориҷии ворид шуда ба Тоҷикистонро ташкил мекунад.

Коршиносон аз саргирии дубораи ҳаракати автобусҳо ва минибусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ва арзон будани нархи чиптаҳоро далелил афзоиши вуруди шаҳрвандони узбакистонӣ ба Тоҷикистон медонанд.

 

Барчасп