Ҷустуҷу
-
Май 14, 2019
3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи муштарак боздошт шуданд.
-
Май 14, 2019
Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомвазифа дар ин кишвар, то рӯзи 14 май 88 дарсад иҷроӣ шудааст.
-
Май 14, 2019
Раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зиндонӣ шудани раиси Созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод.
-
Май 13, 2019
Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард; Тоҷикистон аз нигоҳи талафоти сокинони ин кишвар дар ҳодисаҳои ронандагӣ мақоми нахустро дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорад.
-
Май 10, 2019
Эътироз ба афзоиши молиёт сабаб шуд, ки барои се нафар аз аҳолии ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шавад.
-
Май 10, 2019
Ҳамзамон бо 74-умин солрӯзи пирӯзии Шӯравии собиқ бар Олмони фашистӣ дар саросари Тоҷикистон маросими ҷашн ва бузургдошти ин рӯйдоди таърихӣӣбаргузор шуд.
-
Май 08, 2019
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард: Тарҳи буҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2020 сентябри имсол омода мешавад.
-
Май 08, 2019
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз коҳиши шадиди суръати интернет дар ин кишвар шикоят мекунанд.
-
Май 08, 2019
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ҳукумати ин кишварро барои идғоми ҳафт идора ва таъсиси ду ниҳоди нави назоратӣ тасвиб кард.
-
Май 07, 2019
Намоише бо мавзӯи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон ва ҷамъи зиёде аз тоҷику эрониёни муқим дар шаҳри Душанбе иҷро шуд.
-
Май 07, 2019
Раиси кумитаи умури занон, хонавода ва ҳифзи иҷтимоии маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши саҳми бонувон дар мудирияти давлатӣ дар ин кишвар хабар дод.
-
Май 06, 2019
Мақомоти дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ҷон бохтани як шаҳрванди ин кишварро дар ҳодисаи оташсӯзии ҳавопаймои SSJ-100 (Сухой Суперҷет - 100) - и Русия дар фурудгоҳи Шереметова, дар шимоли ғарби Маскав таъйид карданд.
-
Май 05, 2019
Тибқи гузориши солонаи "Хабарнигорони бидуни марз" Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён дар миёни 180 кишвари ҷаҳон бо коҳиши 12 зина, дар мақоми 161 қарор гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои риояти озодии баён дар мақоми 149-ум қарор гирифт.
-
Май 05, 2019
Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон бо ирсоли феҳрасти 594 масҷиди таътилшуда ба дафтари иҷроияи ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар хостори азсаргирии фаъолияти ин амокин шуд.
-
Май 05, 2019
Эътилоф зидди шиканҷ дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, аз дарёфти 11 мавриди шикоят аз шаҳрвандони ин кишвар ҳангоми боздошташон, таи се моҳи нахусти соли равон хабар дод.
-
Май 04, 2019
Русия дар ростои иҷрои барномаи зиддидиишӣ ва зиддиамрикоии худ, тақвияти нерӯҳои худ дар Осиёи Марказӣ, азҷумла Тоҷикистонро дар пеш гирифтааст.
-
Май 04, 2019
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард,ки аз 70 ширкати сабти ном шуда дар 4 минтақаи озоди иқтисодии ин кишвар танҳо 20 коргоҳ фаъол мебошад.
-
Май 04, 2019
Аз шомгоҳи 2 майи соли ҷорӣ, ҷустуҷӯгари Гугл дар қаламрави Тоҷикистон ғайри фаъол шудааст ва корбарон наметавонанд аз хидматрасонии ин ширкат истифода кунанд.