Ҷустуҷу
-
Mar 19, 2017
Бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ, мизони рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ манфӣ хоҳад буд, ҳарчанд бар асоси пешбиниҳо сатҳи фақр низ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.
-
Mar 18, 2017
Маркази коршиносии рушди Евразия, дар радабандии 8 кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар ҷаззобияти сармоягузорӣ, Тоҷикистонро дар раддаи ҳафтум қарор додааст.
-
Mar 18, 2017
Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, ки давраи маъмурияти 4 солааш дар ин кишвар ба поён расидааст, дар нишасти хабарии худоҳофизӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Душанбе дидгоҳи худро дар бораи ояндаи иқтисоди ин ҷумҳурӣ баён кард.
-
Mar 17, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хоҷамуҳаммад Осаф, вазири об, энержӣ ва дифои ҷумҳурии исломии Покистон имрӯз дар “Қасри Миллат”-и шаҳри Душанбе бо якдигар дидор карданд.
-
Mar 16, 2017
Ҳошим Холзода: Дар чанд ҳафтаи ахир хабарҳои зиёде дар бораи ба қатл расидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои мухталиф дар расонаҳои ин кишвар мунташир шудааст.
-
Mar 16, 2017
Муовини нахуствазири Тоҷикистон аз ширкатҳои истихроҷи маъдан дархост кардааст, ки барои таъмини ниёзи бахши санъат ва марокизи тавлиди гармоиш дар ин кишвар, истихроҷи ангишро афзоиш диҳанд.
-
Mar 16, 2017
Гузориши Беҳрӯзи Саидхоҷа: Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазири ҷадиди тандурустии ин кишвар хостааст ки барои решакан кардани фасод ва ришвахорӣ дар низоми тандурустии Тоҷикистон иқдом кунад.
-
Mar 16, 2017
Нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201-и Русия дар размоишгоҳи кӯҳистонии "Ҳарби майдон"-и Тоҷикистон паноҳгоҳ ва корвонҳои террористҳои фарзиро нобуд карданд.
-
Mar 16, 2017
Намояндаи Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон, бо афзоиши нархи барқ дар бахши хонагии ин кишвар мухолифат кард.
-
Mar 15, 2017
Барои нахустин бор дар усули сиёсати хориҷии Тоҷикистон фасли ҷадиде ба унвони дипломатияи фарҳангӣ ё мардумӣ ворид карда шудааст.
-
Mar 15, 2017
Суннати хонатаконӣ ва дарахткорӣ дар остонаи Иди Наврӯз аз русуми зебову фарҳангсози мардуми Тоҷикистон аст.
-
Mar 15, 2017
Ҳамчун солҳои гузашта, имсол низ бо наздик шудан ба рӯзҳои поёнии соли ҳиҷрии шамсӣ, мадрасаи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ҷашни некӯкорӣ баргузор кард.
-
Mar 15, 2017
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз таъхир дар замони баргузории Конгресси ин ҳизб дар баҳори соли 2017 хабар дод.
-
Mar 14, 2017
Бозори хариду фурӯш ва истифода аз кулоҳи тоҷикӣ (тоқӣ) ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон ривоҷе дубора касб кардааст.
-
Mar 14, 2017
Дар пайи ҳадаррафти 16 дарсадии барқи тавлидӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016, мақомоти тоҷик талош мекунанд 10 дарсади талафи барқро дар ин кишвар коҳиш диҳанд.
-
Mar 14, 2017
Мақомоти қазоии Туркия парастори Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷикистониро ба Душанбе истирдод кардаанд.
-
Mar 13, 2017
Нархи масрафи барқ дар Тоҷикистон боз ҳам гарон шуд. Яке аз далоили ин гаронӣ шарти созмонҳои байналмилалии хориҷӣ, эълом шудааст.
-
Mar 13, 2017
Дар Тоҷикистон барои таъсиси расонаҳои хабарии дидорӣ ва шунидорӣ, марокизи интишоротӣ ва дигар расонаҳо акнун иҷозатномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ илзомӣ мешавад.