Ҷустуҷу
-
Май 25, 2017
Сафири ғайримуқими Лаҳистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки давлаташ аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Душанбе, аз ҷумла Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24-ро террорист намедонад.
-
Май 24, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон бо арзёбии авзои бозори муомилоти асъорӣ дар ин кишвар аз суқути арзиши сомонӣ дар баробари доллар ибрози таассуф кардааст.
-
Май 24, 2017
Раиси корхонаи таъмини оби Тоҷикистон аз дастрасӣ надоштани 43 дарсад аз мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тоза хабар дод.
-
Май 23, 2017
Арзиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи нахусти имсол 11,8 дарсад дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфтааст.
-
Май 22, 2017
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, ки моҳи шарифи Рамазон дар ин кишвар рӯзи 27 майи соли ҷорӣ оғоз мешавад.
-
Май 22, 2017
Руасои ҷумҳури Узбакистон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Риёз дидор ва дар бораи тавсеаи муносиботи дуҷониба гуфтугӯ карданд.
-
Май 22, 2017
Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Ҳамоиши сарони кишварҳои арабӣ, исломӣ ва Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, аз сиёсатҳои дугона дар қиболи терроризм ва ифрот интиқод кард.
-
Май 22, 2017
Комиссияи арзишёбии рисолаҳои доктории донишмандони тоҷик, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ба кор кард.
-
Май 21, 2017
Баргузории интихобот дар Эрон батаври густарда дар Тоҷикистон бозтоб доштааст.
-
Май 21, 2017
Муовини аввали Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бар густариши равобити дуҷониба бо Эрон таъкид кард.
-
Май 21, 2017
Додситонҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон дар нахустин нишасти муштарак бар ташдиди мубориза бо терроризм таъкид карданд.
-
Май 21, 2017
Ҷашнвораи байналмилалии хӯрокҳои миллӣ ва суннатӣ дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 21, 2017
25 навъи ғизои суннатӣ ва лазизи сарзамини Эрон, зинатбахши Ҷашнвораи ғизоҳои миллӣ ва суннатии 20 кишвар дар Боғи Ботаникии шаҳри Душанбе буд, ки мавриди истиқболи шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ қарор гирифт.
-
Май 20, 2017
Вазорати молияи Тоҷикистон аз имзои мувофиқатномаи 35 миллион долларӣ бо Сандуқи тавсеаи Арабистон барои сохти мадориси ҷадид хабар дод.
-
Май 20, 2017
Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, дар дидор бо мардуми вилояти Хатлон гуфт, дастур додааст шароите фароҳам шавад, то мардум назари худро барои баргузории маросим ва ҷашнҳо дар ин кишвар иброз кунанд. Ба назар мерасад, ин иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон барои назарсанҷӣ аз мардум, барои беҳтар шудани қавонини танзими маросим ва ҷашнҳо дар Тоҷикистон аст.
-
Май 20, 2017
Омӯзгорони бархе аз мактабҳои Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми ин кишвар пешниҳод додаанд, ки бо таъсиси созмони “Пайрави Пешво” донишомӯзонро ба узвияти он дароваранд.
-
Май 20, 2017
Додгоҳи ноҳияи Замоскворечеи Маскав ҳукми пардохти 200 ҳазор рубл ба Илҳом Алихонов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бародараш зери шиканҷаи полиси Русия кушта шудаастро содир кард.
-
Май 19, 2017
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз мизони ҳузури эрониёни муқими ин кишвар ибрози ризоият кард.