Май 22, 2017 13:38 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз меъёрҳои дугона дар мубориза бо терроризм

Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Ҳамоиши сарони кишварҳои арабӣ, исломӣ ва Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, аз сиёсатҳои дугона дар қиболи терроризм ва ифрот интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш, терроризм ва ифротгароиро ба унвони хатари бузурги ҷаҳонӣ маҳкум кард ва ҳозирон дар иҷлосро ба ёфтани роҳҳои муассири решакан кардани манобеи сиёсӣ, низомӣ, молӣ ва пешгирӣ аз авоқиби фоҷеабори ин таҳдидҳои ҷаҳонӣ даъват кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид бар ин, ки истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”, яке аз авомили густариши терроризм дар ҷаҳон аст, афзуд, бар асари мавзеъгириҳои дугона дар муқобили хостаҳои ифротиён ва террористҳо, ин гурӯҳҳои ифротгаро мавриди пуштибонии сиёсӣ ва иттилоотӣ ва молии бархе аз бунёдҳо ва созмонҳо қарор гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо изҳори нигаронӣ аз суиистифода аз номи дини Ислом ёдовар шуд, густариши терроризм ва ифротгароӣ дар шакл ва намудҳое боз ҳам даҳшатноктар, хатари аз байн рафтани кишварҳо, ҳалокат садҳо ҳазор инсони бегуноҳ ва харобӣ ва хисороти зиёдро дар пай дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни суханонаш аҳамияти рӯзафзуни гуфтугӯи тамаддунҳоро бар асоси баробарӣ, эҳтиром ба ҳамдигар, таҳаммулгароӣ, шаффофият ва ягонагии сухан ва амал, хостор шуд ва изҳори умедворӣ кард, ки натоиҷи Ҳамоиши сарони кишварҳои арабӣ, исломӣ ва иёлоти муттаҳидаи Амрико, таъсиргузор ва посухгӯи ормонҳои сулҳу субот дар ҷаҳон бошад.

 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин ҳамоиш бо Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд шоҳи Арабистон, Доналд Трамп- раисиҷумҳури Амрика, Навоз Шариф- нахуствазири Покистон, Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳури Афғонистон, Шавкат Мирзиёев -раисиҷумҳури Узбакистон, Нурсултон Назарбоев-раисиҷумҳури Қазоқистон, Илҳом Алиев- раисиҷумҳури Озарбойҷон, Шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Ассабоҳ амири Кувейт, Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ амири Қатар, Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳён валиаҳди Имороти муттаҳидаи араб, Ҳамад бин Исо Ол Халифа- подшоҳи Баҳрайн ва Наҷиб Абдурразоқ -нахуствазири Малайзия дидор ва мулоқот кард.

 

Барчасп