Ҷустуҷу
-
Jun 02, 2019
Намози иди саиди Фитри Теҳрон ба имомати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иқома мешавад.
-
Май 30, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори ҳазорон нафар аз устодон ва аъзои ҳайъатҳои илмии донишгоҳҳо, бо таъкид бар инки дифоъ аз миллати Фаластин ҳам ҷанбаи инсонӣ дорад ва ҳам ҷанбаи динӣ ва шаръӣ хотирнишон карданд бархе дунболаҳои Амрико барои ҷо андохтани Муомилаи қарн дар ҳоли талошанд, аммо Амрико ва дунболаҳояш дар ин қазия ҳам шикаст хоҳанд хурд.
-
Май 21, 2019
Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори самимии ҷамъе аз устодони забону адаби порсӣ ва шоирони ҷавону пешкисват бо таъкид бар тақвияти забони форсӣ гуфтанд, набояд иҷоза дод, забони форсӣ дучори фарсудагӣ шавад.
-
Май 01, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар остонаи Рӯзи Муаллим, дар дидори ҳазорон нафар аз муаллимон ва фарҳангиёни саросари Эрон гуфтанд, миллат муттаҳид бошад, тавтеаҳои душман ба зарари худи ӯ тамом хоҳад шуд.
-
Apr 28, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нақши нерӯи интизомиро дар таъмини амнияти фазои маҷозӣ муҳим баршумурданд ва хотирнишон карданд: Нерӯи интизомӣ бояд ба сурати ҷиддӣ бо қочоқ мубориза ва бо авомили ноамнкунанда фазои маҷозӣ муқобила кунад.
-
Apr 25, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме қаҳрамонии тими куштии озоди Эронро дар мусобиқоти қаҳрамонии куштии Осиё табрик гуфтанд.
-
Apr 24, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Душман барои ба зону даровардани миллати Эрон бар фишори иқтисодӣ мутамаркиз шудааст, аммо бидонад: ин миллат ҳеҷ гоҳ ба зону дар намеояд ва зимни истифода аз фурсати таҳрим барои рушду шукуфоӣ, душманиҳои Амрикоро бепосух намегузорад.
-
Apr 17, 2019
Фармондеҳи муаззами кулли қуво иттиҳоди рӯзафзуни Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро лозим ва мӯҷиби асабонияти душман донистанд ва гуфтанд, дасти бародарии Артиш ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳаракате зебо пас аз ҳаракати зишти амрикоиҳо буд.
-
Apr 13, 2019
Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия гуфт, ҷиноятҳои Амрико дар манотиқи мухталифи ҷаҳон исбот мекунад, ки ин кишвар бузургтарин давлати террорист дар ҷаҳон аст.
-
Mar 26, 2019
Дар пайи сели вайронгари Шероз дар ҷануби Эрон, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба имоми ҷумъаи ин шаҳр, зимни тасалият ба мардуми доғдор, суръат ва ҷиддият дар амри имдодрасонӣ ба ҳодисадидагонро хостор шуданд.
-
Feb 28, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо таъкид бар лузуми афзоиши сатҳи ҳамкории иқтисодии Эрон ва Арманистон гуфтанд: Бархилофи майли амрикоиҳо, равобити Теҳрон ва Ереван бояд мустаҳкам, мустамар ва дӯстона бошад.
-
Feb 26, 2019
“Ҷумҳурии исломии Эрон кумак ба давлат ва миллати Сурияро кумак ба ҳаракат ва ҷараёни муқовимат медонад ва аз самими қалб ба он ифтихор мекунад”.
-
Feb 26, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо раисиҷумҳури Сурия гуфтанд, ҳимоят аз Сурияро ҳимоят аз муқовимат медонем ва ба он ифтихор мекунем.
-
Feb 13, 2019
Баёнияи “Гоми дувуми инқилоб” хитоб ба миллати Эрон ба муносибати чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ аз сӯи раҳбари муаззами инқилоб содир шуд.
-
Feb 07, 2019
Бо мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҷамъи зиёде аз маҳкумони додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ, машмули афв ва тахфифи муҷозот қарор гирифта ва аз раъфати исломӣ баҳраманд мешаванд.
-
Nov 24, 2018
Ба муносибати фаро расидани мелоди босаодати ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва валодати ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ алайҳиссалом, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти як ҳазору ҳаштодушаш нафар аз маҳкумони маҳокимаи умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.
-
Sep 22, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҳодисаи террористии рӯзи шанбе дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон), ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми Эрон мунҷар шуд, дар паёме бо таслият ба хонаводаи шуҳадои ин ҳодисаи талх ва таассуфбор таъкид карданд, дастгоҳҳои масъули иттилоотӣ муваззафанд бо суръат ва диққат дунболаҳои ҷинояткоронро таъқиб ва ононро ба сарипанҷаи муқтадири қазоии кишвар бисупоранд.
-
Sep 08, 2018
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри ҷумъа дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва ҳайъати ҳамроҳ, муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи исломро наздикии ҳарчи бештари кишварҳои исломӣ ва ҳамафзоии онҳо донистанд.
-
Sep 03, 2018
Комиссари олии Созмони милал дар умури паноҳандагон тасреҳ кард: раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои таҳсили кӯдакони афғон дар Эрон аз ҷумлаи пешрафтатарин сиёсатҳо дар хадамотрасонӣ ба паноҳандагон маҳсуб мешавад.
-
Sep 02, 2018
Фармондеҳи муаззами кулли қуво қароргоҳи падофанди ҳавоии артиши ҷумҳурии исломии Эронро бахше бисёр ҳассос аз нерӯҳои мусаллаҳ ва дар хати муқаддами муқобила бо душманони Эрон хонданд.