Аз сӯи раҳбари муаззами инқилоб содир шуд, баёнияи “Гоми дувуми инқилоб” хитоб ба миллати Эрон
(last modified 2019-02-13T12:20:12+00:00 )
Феврал 13, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Аз сӯи раҳбари муаззами инқилоб содир шуд, баёнияи “Гоми дувуми инқилоб” хитоб ба миллати Эрон

Баёнияи “Гоми дувуми инқилоб” хитоб ба миллати Эрон ба муносибати чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ аз сӯи раҳбари муаззами инқилоб содир шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём, инқилоби исломии миллати Эронро қудратманд, аммо меҳрубон ва богузашт ва ҳатто мазлум унвон карданд ва афзуданд: Инқилоби исломии Эрон дар ҳеҷ маъракае ҳатто бо Амрико ва Саддом, гулулаи аввалро шиллик накарда ва дар ҳамаи маворид, пас аз ҳамлаи душман аз худ дифоъ карда ва албатта заработи мутақобилро маҳкам посух додааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин паём субот ва амнияти кишвар ва тамомияти арзӣ ва ҳифозат аз марзҳо, эҷоди зерсохтҳои ҳаётӣ, иқтисодӣ ва умронӣ, афзоиши чашмгири мушорикати мардумӣ дар масоили сиёсӣ монанди интихобот, иртиқои биниши сиёсии оҳоди мардум ва нигоҳи онон ба масоили байналмилалӣ, тақсими одилонаи имконоти умумии кишвар, афзоиши аёри маънавиёт ва ахлоқ дар фазои умумии ҷомеа ва истодагӣ дар баробари қулдурон ва зӯргуён ва мустакбирони ҷаҳон ва дар садри онон Амрикоро бахши маҳдуде аз дастовардҳои инқилоби исломӣ унвон карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паём бо баёни инки Эрони муқтадири имрӯз ҳам монанди оғози инқилоб бо чолишҳои мустакбирон рӯ ба рӯ аст, тасреҳ карданд: Агар он рӯз чолиш бо Амрико бар сари кӯтоҳ кардани дасти уммоли бегона ё таътилии сафорати режими саҳюнистӣ дар Теҳрон ё расво кардани лонаи ҷосусӣ буд, имрӯз чолиш бар сари ҳузури Эрони муқтадир дар марзҳои режими саҳюнистӣ, барчидани басоти нуфузи номашруи Амрико аз минтақаи ғарби Осиё ва ҳимояти ҷумҳурии исломӣ аз муборизоти муҷоҳидони фаластинӣ ва дифоъ аз парчами барафроштаи Ҳизбуллоҳ ва муқовимат дар саросари ин минтақа аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин паём, дар бораи илм ва пажуҳиш, маънавиёт ва ахлоқ, иқтисод, адолат ва мубориза бо фасод, истиқлол ва озодӣ, иззати миллӣ ва равобити хориҷӣ ва марзбандӣ бо душман ва сабки зиндагӣ тавсияҳое ба миллати Эрон карданд.

 

Барчасп