Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоб дар Сурия: Амрико бузургтарин террористи ҷаҳон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43033-Намояндаи_Раҳбари_муаззами_инқилоб_дар_Сурия_Амрико_бузургтарин_террористи_ҷаҳон_аст
Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия гуфт, ҷиноятҳои Амрико дар манотиқи мухталифи ҷаҳон исбот мекунад, ки ин кишвар бузургтарин давлати террорист дар ҷаҳон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2019 05:58 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоб дар Сурия: Амрико бузургтарин террористи ҷаҳон аст

Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия гуфт, ҷиноятҳои Амрико дар манотиқи мухталифи ҷаҳон исбот мекунад, ки ин кишвар бузургтарин давлати террорист дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши ИРНА, оятуллоҳ Сайид Абулфазли Таботабоии Ашкизарӣ, намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия дар хутбаҳои намози ҷумъаи Димишқ, бо маҳкум кардани иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд, иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорон, ки як ниҳоди расмӣ ва нерӯи низомии як кишвар аст, муғойири қавоиди байналмилалӣ аст.

Оятуллоҳ Таботабоӣ ҳамчунин бо ишора ба далели асабонияти Амрико аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ин ниҳоди мардумӣ бо шикасти террористҳои дастпарвардаи Амрико дар минтақа, боиси иҷро нашудани сиёсатҳои Вашингтон дар минтақаи ғарби Осиё шуд.

Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия изҳор дошт, амрикоиҳо фикр мекунанд, ки бо ин тасмимот ба дастовардҳои ҷадиде мерасанд, аммо монанди 40 соли гузашта дар расидан ба аҳдофи худ ноком хоҳанд монд.

Давлати Амрико 8 апрели соли 2019 дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар нерӯҳое, ки дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, тарҳи изофа кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи созмонҳои ба истилоҳ “террористӣ” - и худро эълом кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, нерӯҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё (СЕНТСОМ) ва тамоми нерӯҳои вобаста ба онро “гурӯҳи террористӣ” муаррифӣ кард.