Ҷустуҷу
-
Apr 21, 2018
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, дар сурати хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, Ҷумҳурии исломӣ аз назари фаннӣ комилан омодааст, ба гунае, ки тараф ҳайратзада хоҳад шуд ва ин муболиға нест.
-
Apr 21, 2018
Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъа дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дорад.
-
Apr 21, 2018
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи созишномаи дарёфти панҷ миллион кумак қарзи молиро барои ҷилавгирӣ аз вуруди гилу лой ба сарбанди нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак тасвиб кард.
-
Apr 20, 2018
Як пойгоҳи хабарии тоҷикистонӣ навишт, ширкатҳои муҳими мухобиротии ин кишвар ба хотири тасмими ахири раиси Хадамоти давлатии мухобирот дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд.
-
Apr 20, 2018
Сафири Сурия дар Теҳрон гуфт: Бо сармоягузории Эрон дар бозсозии Сурия равобити ду кишвар ба самти мушорикати иқтисодии баландмуддат ҳаракат мекунад.
-
Apr 20, 2018
Полковник Баҳодур Ваҳҳобзода раиси бахши Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб ба иттиҳоми дарёфти пора аз як қочоқчии зиндонии маводи мухаддир боздошт шудааст.
-
Apr 20, 2018
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ню-Йорк ҳушдор дод, хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ паёмадҳои «бисёр нохушоянде» барои Вашингтон хоҳад дошт.
-
Apr 20, 2018
Имоми ҷумъаи Теҳрон ҳамлаи Амрико ба Сурияро хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ донист ва гуфт: Амрико бо ин таҷовуз, ниҳони ваҳшии худро ба ҷаҳониён нишон дод.
-
Apr 19, 2018
35-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим бо ҳузури намояндагоне аз 84 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз шуд.
-
Apr 19, 2018
Ҳамкории Покистон ва Тоҷикистон дар солҳои ахир рӯ ба густариш буда ва ду тараф бо баргузории нишастҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ҳузури тоҷирон ва бозаргонони худ дар талошанд, то ин ҳамкориҳо афзоиш ёбад.
-
Apr 19, 2018
Раисиҷумҳури Қирғизистон бино ба дархости парлумони ин кишвар ҳукми барканории Сафар Исҳоқов, нахуствазири ин кишварро содир кард.
-
Apr 19, 2018
Раисиҷумҳури Узбакистон аз барномаи ин кишвар барои имзои қарордоди сохти неругоҳи атомӣ бо Русия, хабар дод.
-
Apr 19, 2018
Бисту сеюумин иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ "ЭКО" (Economic Cooperation Organization) дар ҳоле дар душанбе пойтахти Тоҷикистон ба кори худ поён дод, ки дабирикулии ин созмон ба муддати се сол ба Ҷумҳурии исломии Эрон вогузор шуд.
-
Apr 19, 2018
Ҳукумати Тоҷикистон маблағи заруриро ба хонум Гулчеҳра, ҳамсари Бозор Собир, супорид.
-
Apr 19, 2018
Қасд дорем дар барномаҳои "Арзиши варзиш" ба таъсири варзиш дар саломатии инсон бипардозем. Ҳамчунин хабарҳои варзиширо аз Тоҷикистон, Эрон ва ҷаҳон аз ин барнома бишнавед.
-
Apr 19, 2018
Додгоҳи вилояти Суғд 7 узви як хонаводаи сокинони ноҳияи Исфара аз ҷумла модари 71 солаи ин хонаводаро ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия 12 то 17 сол ба зиндон маҳкум кард.
-
Apr 18, 2018
Бо фурукаш кардани гарду ғубори ношӣ аз ҳамлаи Амрико ба Сурия, ба тадриҷ ихтилофи назарҳое дар Амрико бар сар Сурия намоёнтар мешавад.
-
Apr 18, 2018
Манобеи яманӣ аз ҳамалоти яманиҳо ба мавозеи артиши Арабистон дар Ҷизон ва Наҷрон дар ҷануби ғарби Арабистон хабар доданд.
-
Apr 18, 2018
Нишасти ҳамоҳангии падофанди ҳавоии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд.
-
Apr 18, 2018
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар вилояти Красноярски Русия ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.