Ҷустуҷу
-
Jun 25, 2017
Созмон ҳамкории исломӣ талош барои ҳамла ба Масҷидулҳаромро маҳкум кард.
-
Jun 24, 2017
Режими саҳюнистӣ барқарории равобит бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс бо миёнҷигарии Арабистони Саудиро хостор шуд.
-
Jun 24, 2017
Ҳузури густардаи миллати Эрон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бозтоби густардае дар расонаҳои мухталифи ҷаҳон дошт.
-
Jun 24, 2017
Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, равобит ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Ашқобод ва Теҳрон аз сатҳи болое бархӯрдор аст ва баҳрабардорӣ аз пули ҷадиди марзии Сарахс, фасли ҷадидеро дар ин замина эҷод мекунад.
-
Jun 24, 2017
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон гузоришҳои матраҳшуда дар бораи музокираи ин кишвар барои эъзоми нерӯи низомӣ ба Сурияро рад кардааст.
-
Jun 24, 2017
Ҳамоиши байналмилалии "Мероси Рамазон дар Хуросон, Афғонистон ва Тоҷикистон" сентябри соли ҷорӣ дар Турбати Ҷом, воқеъ дар Хуросони Разавӣ баргузор мешавад.
-
Jun 24, 2017
Туркия барои таҷлил аз Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад.
-
Jun 24, 2017
Ба муносибати таҷлил аз бистумин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар шаҳри Душанбе, “Конфронси ҷумҳурӣ” дар сохтмони Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Jun 24, 2017
Бо кӯмаки мутахассисони эронии истгоҳи тасфияи об (обсофкун)-и ошомидании шаҳри Душанбе бозсозӣ шуд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
-
Jun 23, 2017
Омодагиҳо ба Иди Рамазон ва 20-умин солгарди Созишномаи сулҳ, раҳоии як хонуми тоҷик дар Арабистон аз асорат, бадрафтории корфармои маҳаллӣ ва тазоди Русияю Амрико дар минтақа аз ҷумлаи муҳимтарин матолиби дарҷшуда дар матбуоти чопи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст.
-
Jun 23, 2017
Мардуми саросари ҷаҳон имрӯз, дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ҳимояти худро аз мардуми Фаластин эълом ва аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ ибрози безорӣ карданд.
-
Jun 23, 2017
Ҳамзамон бо мардуми Эрон соири кишварҳои мусалмон низ дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
-
Jun 22, 2017
Ҷойгирии садҳо тан аз террористҳо дар нардики марзи Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон беш аз пеш хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро хабарсоз кардааст.
-
Jun 22, 2017
Сухангӯи баталёнҳои Изуддин Қисом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), рӯзи ҷаҳонии Қудсро фурсате барои иттиҳоди уммати исломӣ донист.
-
Jun 22, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи такмили сохти неругоҳи барқӣ обии Роғун тасмим ба ҷалби сармояи хориҷӣ гирифтааст. Ин барнома қарор аст бо фурӯши вомбарги Тоҷикистон, дар бозорҳои байналмилалӣ амалӣ шавад.
-
Jun 22, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар бозорҳои байналмилалии молӣ вомбаргҳои давлатиро ба маблағи ҳудуди 1 миллиард доллар ба фурӯш барорад.
-
Jun 22, 2017
Нишасти хабарии нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ (ИРТИ) дар шаҳри Машҳади муқаддас баргузор шуд.
-
Jun 22, 2017
Гузоришгари вижаи Созмони милал бо ибрози нигаронӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз наҳваи бархӯрди давлати ин кишвар бо хабарнигорону дигарандешон интиқод кард.
-
Jun 22, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарори ҳукумати ин кишварро дар бораи арзаи авроқи баҳодор (коғазҳои қимматнок) ба муомилоти байналмилалӣ ба тасвиби расонд.
-
Jun 22, 2017
Намояндаи камиссари олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳорумин мизбони паноҳҷӯён дар ҷаҳон аст, хотирнишон кард, Эрон бо мизбонии саховатмандонаи худ аз паноҳҷуён, улгӯи шоиста барои дигар кишварҳост.