Ҷустуҷу
-
Nov 09, 2017
Дар Арбаини шаҳодати Саиду солори шаҳидон ҳазрати Абоабдиллоҳ Алҳусайн (а) ва асҳоби бовафои эшон, ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) мизбони ҳайъатҳои донишҷӯӣ аз саросари Эрон буд ва донишҷӯён ва донишгоҳиён дар ҳузури раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба азодорӣ пардохтанд.
-
Nov 07, 2017
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ” гуфтанд, пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ” яке аз ҳаводиси бисёр барҷастае аст, ки Худои мутаол дар ихтиёри пайравону алоқамандони аҳли байти исмату таҳорат (а) қарор додааст.
-
Nov 02, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки кӯтоҳ омадан дар муқобили амрикоиҳо, онҳоро бебок ва густох мекунад, таъкид карданд: Бинобарин танҳо роҳ, муқобила ва истодагӣ аст.
-
Nov 01, 2017
Муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири хориҷаи Эрон аз дидори ҷудогонаи раисони ҷумҳурии Русия ва Озарбойҷон бо Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар асри чаҳоршанбе хабар дод.
-
Oct 19, 2017
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори садҳо нафар аз нухбагони ҷавону истеъдодҳои бартари илмӣ, бо ишора ба аҳдофи Амрико аз хусуматварзӣ бо Эрон ба табйини нукоти муҳиме дар ин замина пардохтанд.
-
Oct 18, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: То тарафи муқобил, барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро пора накунад, Эрон онро пора намекунад, аммо агар БАРҶОМ-ро пора кунанд, ҷумҳурии исломии Эрон онро реза-реза мекунад.
-
Oct 05, 2017
Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо ишора ба манофеи Амрико ва режими саҳюнистӣ аз баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ хотирнишон карданд, Амрико ва қудратҳои хориҷӣ ғайриқобили эътимод ва ба дунболи эҷоди як “Исроили ҷадид” дар минтақа ҳастанд.
-
Sep 18, 2017
Баёноти рӯзи якшанбеи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар маросими хатми донишҷӯёни Донишгоҳи улуми интизомӣ бозтоби густурдае дар расонаҳои минтақа ва ҷаҳон доштааст.
-
Sep 13, 2017
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе бо интиқод аз сукут ва беамалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муддаиёни ҳуқуқи башар дар қиболи ҳаводиси фоҷеаомези Миёнмор таъкид карданд, роҳи ҳалли ин қазия иқдоми амалии кишварҳои мусалмон ва фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ ба давлати бераҳми Миёнмор аст.
-
Aug 26, 2017
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе др дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлат, ҳифзи ҷиҳатгирӣ ва рӯҳияи инқилобӣ ва диниро дар дипломатия муҳим хонданд.
-
Aug 21, 2017
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, тақвияти рӯҳияи инқилобӣ ва ҷиҳодиро муҳиммтарин вазифаи масъулон ва дастандаркорони фарҳангӣ хонданд ва таъкид карданд, "Ҳамаи талошҳо бояд дар роҳи тарбияти динӣ ва инқилобии ҷавонон сарф шавад".
-
Aug 10, 2017
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар сафари ахирашон ба Машҳад (шимолу шарқи Эрон) бо ҳузур дар манзили шуморе аз хонаводаҳои шуҳадо, аз мақоми шомихи шаҳидони Дифои муқаддас ва шуҳадои мудофеи ҳарам таҷлил карданд.
-
Jul 30, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳаҷро беҳтарини замон ва макон барои эъломи мавозеи уммати исломӣ дар хусуси мавзуи Фаластин, Масҷидулақсо ва ҳузури шароратомези Амрико дар минтақа донистанд.
-
Jul 05, 2017
Фармондеҳи муаззами кулли қуво, сооте пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар 18 июн ба марокизи таҷаммуи террористҳои ДИИШ дар Дералзури Сурия, дар дидори ҷамъе аз сардорон ва фармондеҳони сипоҳ, аз талошҳои ин ниҳоди инқилобӣ дар арсаи мушакӣ қадрдонӣ карданд.
-
Jun 26, 2017
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масоили Яман, Баҳрайн ва дигар кишварҳои исломиро ҷароҳати умдае бар пайкараи ҷаҳон ислом донистанд.
-
Jun 23, 2017
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нишасте бо ҷамъе аз устодон, аъзои ҳайъатҳои илмӣ, пажуҳишгарон ва нухбагони донишгоҳӣ бо ташреҳи нақши бебадили устодони донишгоҳҳо дар парвариши донишҷӯён ва шаклдиҳӣ ба ҷойгоҳи Эрон дар ҷаҳони бисёр пурмасъалаву пуртаҳаввули оянда, рӯзи ҷаҳонии Қудсро бисёр муҳим хонданд.
-
Jun 22, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Рӯзи ҷаҳонии Қудсро бисёр муҳим хонданд ва таъкид карданд, ин рӯзи гиромӣ сирфан эъломи ҳимоят аз як миллати мазлум нест, балки намоди мубориза бо истикбору султагарони ҷаҳонӣ аст.
-
Jun 13, 2017
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри душанбе дар дидори сарони қувво, масъулон ва коргузорони низом ва ҷамъе аз мудирони кишвар, бахше аз баёноташонро ба табйини моҳияти воқеии Амрико ихтисос доданд.
-
Jun 04, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Дасти душманон дар кишварҳои минтақа, ҷангҳои ниёбатӣ ба роҳ андохтааст.
-
Май 28, 2017
Раҳбари муаззами инқилоб асри шанбе дар нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, дар маҳфили нуронии унс бо Қуръон гуфтанд, базри мубораки Қуръон дар ин сарзамин пошида шуда ва имрӯз фазои умумии кишвар бо Қуръон ошност.