Ҷустуҷу
-
Май 27, 2025
Порс Тудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидори Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистону ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар маҷмуаи дунёии ислом бар лузӯми фаъолиятҳои муштараку таъсиргузори Эрону Покистон барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид карданд.
-
Май 24, 2025
Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъа дар дидор бо мақомоти Ватикан бо ташреҳи авзоъи фоҷеъаомези Фаластини ишғолӣ дар натиҷаи ташдиди куштору идомаи наслкушӣ , бар масъӯлияти қонӯнӣ ва ахлоқии ҳамаи кишварҳо барои эъломи инзиҷору мухолифат бо ҷиноёткориҳо дар Ғазза ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин борика таъкид кард .
-
Май 23, 2025
Порс-Тудей. Неруҳои мусаллаҳи Яман бори дигар сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор доданд.
-
Май 19, 2025
Порс тудей- Раиси Ожонси кумак ва кор бо паноҳандагони фаластинии Созмони Милали Муттаҳид "UNRWA" эълом кард, ки аз моҳи октябри соли 2023 беш аз 300 неруи ин ожонс дар Ғазза кушта шудаанд.
-
Май 14, 2025
Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Фаронса аз иқдомоти нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар Ғазза интиқод кард ва онро шармовар хонд.
-
Май 13, 2025
Порс Тудей- Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи марокиз ва чодарҳои оворагони Фаластин дар Ҷабалиё ва Хон Юнсро, ки мунҷар ба шаҳид ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо фаластинии бегуноҳ шуд, маҳкум кард.
-
Май 13, 2025
Порс Тудей- Мақоми СММ хостори дастрасии фаврӣ ба ғизо барои пешгирӣ аз вахомати бештари авзоъ дар Ғазза шуд.
-
Май 11, 2025
Порс Тудей – Ҷофез Боррел, дипломати куҳнакори испаниёӣ ва масъули пешини сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар суханоне камсобиқа парда аз воқеияте бардошт, ки фаъолони ҳуқуқи башару таҳлилгарони мустақил солҳост дар борааш фарёд мезананд.
-
Май 10, 2025
Порстудей - Манбаъҳои ибризабон шанбе гузориш доданд, ки Амороти муттаҳидаи арабӣ ба сурати расмӣ ба режими саҳюнистӣ итилоъ дода, ки дар созукори пешниҳодии нав барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза мушорикат нахоҳад кард .
-
Май 10, 2025
Порстудей - Дар ҳолеки се ниҳоди байналмилалӣ ҷумъа бори дигар зимни ҳушдор дар бораи қаҳтӣ , ривоҷи беморӣ ва маргу мири бархоста аз гуруснагӣ дар Ғазза , хостори таваққуфи фаврии ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ва вуруди бемонеъаи кумакҳои инсондӯстона ба ин минтақаи муҳосирашуда шуданд , артиши режими Исроил анбори кумакҳои инсонӣ дар Ғаззаро бомбаборон кард .
-
Май 08, 2025
Порс тудей - Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин , террори узви аршади ҷунбиши Ҳамос дар Лубнонро маҳкӯм кард .
-
Май 07, 2025
Расонаҳои Амрико ду тарҳи режими саҳюнистиро барои ишғоли комили Ғазза ва ҳаминтавр хориҷ кардани ихтиёри кумакрасонӣ ба мардуми Ғазза аз дасти Созмони милалро ифшо карданд.
-
Май 07, 2025
Порс Тудей - Вазири хориҷаи Миср рӯзи сешанбе зимни мухолифат бо тарҳи режими саҳюнистӣ барои тавсеаи амалиёти низомии худ алайҳи Борикаи Ғазза, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост то бо ин тарҳи режими Исроил муқобила кунанд.
-
Май 05, 2025
Порс тудей- Режими саҳюнистӣ бо нақзи оташбаси Ғазза, густариши ҳамалот ба Каронаи Бохтари ва таҷовуз ба Сурия, минтақаро ба сӯи ноамни ва фалокати башарӣ кашонда аст. Муқовимати Фаластин ва Яман ин ҷиноятҳоро маҳкум карда, ва хостори иттиҳоди миллатҳои араби шуданд.
-
Apr 27, 2025
Порс Тудей - Артиши режими саҳюнистӣ бо истифода аз бомбҳои бисёр мухарриб, ҷиноёти ҳавлнокеро алайҳи ғайринизомиён дар Ғаззаи муртакиб шудааст.
-
Apr 19, 2025
Порстудей-Гурдонҳои Изуддин Қассом-шохаи низомии Ҳамос аз куштаву захмӣ шудани ҷамъе аз нируҳои Исроил дар ҷануби Хон Юнус дар ҷануби борикаи Ғазза тавассути размандагони ин гурдонҳо хабар дод.
-
Apr 09, 2025
Порс-Тудей. Созмонҳои байналмилалӣ дар баёнияи муштараке ҷанг дар Ғаззаро нишондиҳандаи бетаваҷҷӯҳии комил ба ҷони инсонҳо донистанд.
-
Apr 04, 2025
Порс-Тудей. Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал дар суханоне муҳосираи комили борикаи Ғазза тавассути режими саҳюнистиро мисдоқи боризи муҷозоти ҷамъӣ арзёбӣ кард.
-
Apr 03, 2025
Порс Тудей - Амрико ҳамзамон бо ҳамла ба Яман дар ростои ҳимоят аз Исроил таҳримҳоеро зидди Яман вазъ кард.
-
Apr 03, 2025
Порс Тудей - Гузориши пружаи «ҳазинаҳои ҷанг» муассисаи Watson барои умӯри байналмилалӣ ва умумӣ эълом кард, ки дар ҷараёни ҷанги Исроил алайҳи Ғазза, 232 хабарнигор шаҳид шудаанд.