Хӯи ваҳшигарии саҳюнистҳо ва парокандагии хонаводаҳо дар Ғазза
(last modified Sun, 27 Apr 2025 07:28:04 GMT )
Апрел 27, 2025 12:28 Asia/Dushanbe
  • Хӯи ваҳшигарии саҳюнистҳо ва парокандагии хонаводаҳо дар Ғазза

Порс Тудей - Артиши режими саҳюнистӣ бо истифода аз бомбҳои бисёр мухарриб, ҷиноёти ҳавлнокеро алайҳи ғайринизомиён дар Ғаззаи муртакиб шудааст.

Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, кӯдакони бегуноҳ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар манозилашон ҳадаф қарор мегиранд, ба гунае, ки аҷсоди тиккаи тикка шудаи онҳо то пушти боми хонаҳои муҷовир партоб шудааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИСНА, ин саҳнаҳои дилхарош, бахше аз наслкушии ваҳшиёнае аст, ки аз октябри 2023 токунӯн идома дораду умдатан кӯдакону занонро қурбонӣ кардааст.

Аз ҳафтуми октябри 2023, режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико, наслкушии густардаеро дар Борикаи Ғазза оғоз карда, ки токунӯн беш аз 168 ҳазор шаҳиду маҷрӯҳ барҷо гузоштааст. Аксари қурбониёнро кӯдакону занон ташкил медиҳанд ва шумори мафқудон аз 11 ҳазор нафар фаротар рафтааст.

Дар саҳнае такондиҳанда, ки фаъолону хабарнигорони фаластинӣ онро сабт кардаанд, пайкари кӯдакони фаластинӣ бар асари бомбаборони шадиди артиши режими саҳюнистӣ бо истифода аз бомбҳои бисёр пурқудрат ба пушти боми яке аз хонаҳо дар маркази шаҳри Ғазза партоб шудааст, саҳнае, ки намоде айнӣ аз ҷинояти наслкушии бевақфае аст, ки фаластиниҳо аз ҳафтуми октябри 2023 дар Борикаи Ғазза бо он мувоҷеҳанд.

Муталошӣ шудани хонаводаҳо

Дар ҳамин ҳол вуҷӯди кӯдакони маҷрӯҳ дар ҳоле, ки модарашон бо фарёду ноумедӣ дар миёни овор ба дунболи онҳо мегирданд, саҳнаҳое дилхарош дар Ғазза эҷод кардааст.

Насиба Шаҳту, модари як кӯдаки маҷрӯҳ дар гуфтугу бо хабаргузории Анатолия бо ҳолати андӯҳу парешонӣ мегуяд: «ҳамлаи ҳавоии Исроил хонаамонро комилан нобуд кард. Ҳамсарам ва фарзандонам кушта шуданд ва танҳо як фарзандам зинда монад, ки бар асари инфиҷор ба пушти боми хонаи муҷовир партоб шуд.»

Ӯ дар ҳоле, ки барои ҳифзи оромиш талош мекард, афзуд: Ҳама дар хона кушта шуданд, шавҳарам, фарзандонам, бародараму фарзандонаш, хоҳараму бачаҳояш. Фақат як кӯдак зинда монда, ки бо шиддати инфиҷор, рӯи пушти боми хонаи ҳамсоя афтодааст. Худоро шукр ӯро зинда пайдо кардем, вале вазъияти ҷисмиаш вахим аст.

Дар таърихи 23 октябри 2024, таҳқиқе аз сӯии донишгоҳи Ҳарварди Амрико мунташир шуд, ки таъйид мекунад, артиши режими саҳюнистӣ аз бомбҳои амрикоӣ, ки ба қудрати тахриби боло шӯҳрат доранд, дар ҳамалоти худ ба Ғазза истифода кардааст.

Бар асоси эъломи мудири дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Борикаи Ғазза, рӯзона 32 кӯдак ва 22 зан дар ин борика шаҳид мешаванд, омори шокакунанда, ки нишондиҳандаи хӯи ваҳшигарии режими саҳюнистӣ аст.