Ҷустуҷу
-
Jul 30, 2021
Тими миллии футзали Эрон унвони қаҳрамонии турнири ҳаштҷонибаи мусобиқоти Ҷоми байниқораии Таиландро ба даст овард.
-
Jul 29, 2021
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози нигаронӣ аз тавдовуми даргириҳои марзӣ миёни нерӯҳои марзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, бар хештандории тарафайн ва лузуми ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофоти марзии ду кишвар таъкид карданд.
-
Jul 29, 2021
Муовини вазири хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе як ҳайати сиёсиро бо сафари дурӯза ба Чин раҳбарӣ кард.
-
Jul 29, 2021
Артиши Русия эълом кард, ҷангандаҳои "Сухой -25"-и ин кишвар аз Қазоқистон ба Тоҷикистон мунтақил шуданд, то дар размоиши низомӣ дар наздикии марзи Афғонистон мушорикат кунанд.
-
Jul 29, 2021
Дувоздаҳумин нишасти иқтисодии Русия ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, маъруф ба "Форуми Қазон" дар пойтахти Тотористон оғоз ёфт.
-
Jul 28, 2021
Тоҷикистон ва Эрон Бизнес-форуми маҷозӣ баргузор карданд, ки дар он беш аз 200 нафар ширкат доштанд.
-
Jul 28, 2021
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 18 нафар аз аъзои гурӯҳи Салафияро ба зиндон маҳкум кард.
-
Jul 28, 2021
Пойгоҳи нерӯии ҳавоии Дэвис Монтан дар Амрико, ки бо номи қабристони ҳавопаймо маъруф аст, ҳудудан 10 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дорад ва дар Аризона воқеъ шудааст. Дэвис Монтан ба номи бузургтарин қабристони ҳавопаймо дар дунё шӯҳрат ёфтааст.
-
Jul 28, 2021
Манобеи хабарӣ бомдоди чаҳоршанбе аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.
-
Jul 28, 2021
Дар 6 моҳи аввали имсол 2081парвандаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
-
Jul 28, 2021
Мутахассисони улуми пизишкӣ муътақиданд, тарс аз беморӣ сабаби поён омадани эминии бадан мешавад.
-
Jul 28, 2021
Раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон гуфт, аз саргирии парвозҳои муназзам ба Русия ба ваксинагирии умумии шаҳрвандони тоҷик бастагӣ дорад.
-
Jul 27, 2021
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, агар гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла кунанд, Русия онҳоро ҳадаф қарор медиҳад.
-
Jul 27, 2021
Аъзои Шӯрои исломии шаҳри Язд бо имзои тафоҳумномаи бародархондагии ин шаҳр бо Хуҷанди Тоҷикистон мувофиқат карданд.
-
Jul 27, 2021
Тими миллии футзали Тоҷикистон Литваро шикаст дод.
-
Jul 27, 2021
Тоҷикистон токунӯн дархосте барои баргузории гуфтугӯҳои байналафғонӣ дарёфт накардааст.
-
Jul 27, 2021
Намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин дар умури Сурия рӯзи душанбе дар Димишқ бо Башор Асад дидор кард.
-
Jul 27, 2021
Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба хориҷ ба маблағи 37 миллиону 300 ҳазор доллар барқ содир кардааст, ки дар муқоиса бо давраи монакнди соли қабл 5 миллиону 900 ҳазор доллар бештар будааст.
-
Jul 26, 2021
Вазири дифои Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷикистонии худ, омодагии Нурсултонро барои кумак ба амнияти марзии ин кишвар бо Афғонистон эълом кард.
-
Jul 26, 2021
Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия бо сафар ба Тоҷикистон аз таҷҳизоти низомии ин кишвар боздид кард.