Талоши Тоҷикистон барои эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон
Тоҷикистон токунӯн дархосте барои баргузории гуфтугӯҳои байналафғонӣ дарёфт накардааст.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, музокирот барои дастёбӣ ба роҳи ҳали сулҳомез дар Афғонистон бояд аз наздик назорат шавад.
Ӯ афзуд, аммо бо вуҷӯди чолишҳо, мо мунтазири натоиҷи гуфтугӯҳои Давҳа ҳастем.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор кард, Тоҷикистон аз соири бистарҳои гуфтугӯ бо ҳадафи барқарории сулҳу субот дар Афғонистон истиқбол мекунад.
Вай таъкид кард, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо мақомоти Афғонистон ҳамкорӣ ва аз интихоби мардуми дӯсти Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
Муҳриддин афзуд, Тоҷикистон ҳаргиз иртиботи сиёсӣ токунӯн бо Толибон надоштааст.
- Бештар бихонед:
- Даргирии нерӯҳои давлатии Афғонистон бо шибҳи низомиёни Толибон дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон
- Таъкиди ҳуқӯқдонони Афғонистон бар ғайри қонӯнӣ будани идомаи кори ҳукӯмати Ваҳдати миллии Афғонистон