Кушта шудани 2 шаҳрванди афғон дар тирандозии неруҳои марзии Тоҷикистон
Манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон эълом карданд ду шаҳрванди Афғонистон бар асари тирандозии неруҳои марзии Тоҷикистон кушта шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд ду нафар аз сокинони рустои «Шавлир»-и шаҳристони «Ёвон»-и ин вилоят бар асари тирандозии неруҳои марзи Тоҷикистон кушта шуданд.
Манобеъ мегӯянд як гурӯҳи 15 нафара аз сокинони рустои «Шавлир» мехостанд аз рӯдхонаи марзии Панҷ гузар кунанд, ки бо ҳушдори таваққуф неруҳои марзии Тоҷикистон рубару шуданд.
Ин манобеъ афзуданд ба далели инки шуморе аз афроди ин гурӯҳи 15 нафара мусаллаҳ буданд, бо шунидани ҳушдори таваққуф по ба фирор мегузоранд ва дар ҳамин ҳангом неруҳои марзи Тоҷикистон ба сӯи онҳо тирандозӣ мекунанд, ки дар натиҷа ду нафар кушта мешаванд.
Пештар низ дар пайи тирандозии неруҳои марзии Тоҷикистон ҳафт афғонистонӣ кушта шуданд.
Мақомоти маҳаллии Толибон дар вилояти Бадахшон то кунун дар бораи ин рӯйдод изҳори назаре накардаанд.