Июл 27, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Кобулов: Муҳоҷимон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо бархӯрди Русия мувоҷеҳ мешаванд

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, агар гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла кунанд, Русия онҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, агар гурӯҳҳои шӯришӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла кунанд, Русия дар чорчӯби тавофуқот дар Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва ҳамчунин дар чорчӯби асноди дуҷонибаи имзо шуда бо Узбекистон онҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Вай изҳор кард, авзои ахир дар Афғонистон ва муваффақиятҳои Толибон, мардуми Осиёи Марказиро нигарон мекунаду онон ба ин нукта, ки гурӯҳи Толибон ба задухӯрдҳои дохилии худ машғуланд, тавваҷуҳ намекунанд.

Замир Кобулов идома дод, Толибон қаламрави давлатро таҳти кантрол дорад ва ҳадафе барои убӯр аз марз надоранд ва ҳануз коре дар ин замина анҷом надоданд. Аммо дар зеҳни мардум, ки таҷрибаи 20 сол қаблро ба хотир доранд, ин нигаронӣ ба вуҷӯд меояд.

Ба гуфтаи ин дипломат, чунин размоишҳое (размоиши муштараки Русия, Узбекистону Тоҷикистон дар марзи Афғонистон),авалан барои артиш ҷиҳати танзими ҳамкории мутақобил ва омӯзиши омодагии ҷангӣ сӯдманд аст. Аз тарафи дигар, ба мардуми Осиёи Марказӣ итминони хотир медиҳад, ки авзоъи таҳт кантрол аст ва мо нерӯи низомии лозим барои муқобила дорем. Бале эҳтимолоти нигаронкунандае вуҷӯд доранд, ки ин нерӯҳои мусаллаҳи муштарак онро ҳалу фасл мекунанд.

Вай афзуд, агар гурӯҳҳои шӯришӣ ба Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон ҳамла кунанд, Русия дар чорчӯби тавофуқот дар Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва ҳамчунин дар чорчӯби асноди дуҷонибаи марбӯт ба Узбекистон онҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп