Ҷустуҷу
-
Mar 18, 2019
Танҳо хатти ҳавоии мустақим байни Эрон ва Қазоқистон пас аз дусол таътилӣ имрӯз (душанбе), муҷаддадан оғоз бакор кард.
-
Mar 17, 2019
Нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки пирӯзии вай дар интихоботи ояндаи ин режим номушаххас аст, барои қатъӣ кардани муваффақияти худ дар ин рақобатҳо иттиҳоми ҷадидеро мутаваҷҷеҳи рақибонаш кард.
-
Mar 17, 2019
Раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон эълом кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз раванди сулҳ ба раҳбарии давлати Кобул ҳимоят мекунад ва ба дунболи кумак ба ҳукумат ва мардуми Афғонистон барои таъмини сулҳ аст.
-
Mar 17, 2019
Рӯзномаи кувейтии “Алраъй” навишт, сиёсати Амрико барои ба зону даровардани Эрон дар Ироқ шикаст хӯрда ва ҳар он чӣ Трамп барои дар тангно қарор додани Эрон анҷом дод, суде надоштааст.
-
Mar 17, 2019
Тими миллии кӯштии Эрон ноиби қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии кӯштӣ дар Русия шуд.
-
Mar 17, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон алоқаманд аст, бо ҳама ҳамсоягони худ робитаи хубе дошта бошад, гуфт, агар бо бархе аз ҳамсояҳо ҳам мушкиле вуҷуд дорад, ин мушкил аз тарафи онҳо оғоз шудааст.
-
Mar 17, 2019
Намоишгоҳе бо унвони “Нигоҳе бар осори таърихӣ ва табиати Эрон” дар Мехико-Сити пойтахти Мексика барпо шуд.
-
Mar 17, 2019
Сездаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузури Фарҳоди Дижписанд вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Шоҳин Мустафоев вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку баргузор шуд.
-
Mar 16, 2019
Пайкарҳои поку мутаҳҳари 115 шаҳиди даврони дифои муқаддас аз тариқи бандари Хуррамшаҳр(ҷанубу ғарби Эрон) дар миёни истиқболи гарм ва пуршӯри мардум вориди Эрони исломӣ шуданд.
-
Mar 16, 2019
Адабиёти муосири Эрон дар панеле дар шашумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Истанбул, тавассути раиси бахши адабиёти форсии Донишгоҳи Истанбул ва вобастаи фарҳангии сарконсулгарии Эрон дар ин шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Mar 15, 2019
Бо вуҷуди дархости давлати Сурия барои ҳузури мусташорони Эрон дар он кишвар барои мубориза бо терроризм, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон рӯзи панҷшанбе хурӯҷи мусташорони эронӣ аз хоки Сурияро хостор шуд.
-
Mar 15, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори ҳалли мусолиматомези танишҳо байни Ҳинд ва Покистон аст.
-
Mar 15, 2019
Муҳаммадтақии Собирӣ сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз (ҷумъа) дар маросими дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар, ки бо ҳузури сафирони ҳашт кишвари дигар дар Тоҷикистон баргузор шуд, устуворномаи худро тақдими вай намуд.
-
Mar 15, 2019
Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии Эрон аз мамнуъияти парвози Боинг-737 Макс (Boeing 737 MAX) бар фарози осмони Эрон хабар дод.
-
Mar 15, 2019
Вазири энержии Покистон аз ҳамкории ширкати Тавонири Эрон барои содироти бевақфаи барқ ба Покистон қадрдонӣ кард.
-
Mar 15, 2019
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон иқдоми террористӣ дар Зеландияи Навро ваҳшиёна хонд ва хоҳони шиносоӣ ва бархурди давлати Зеландияи Нав бо омилони ин иқдом шуд.
-
Mar 15, 2019
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Ба эътирофи ҳамагон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо тамоми қудрат тавтиаҳои Амрикоро дар Ироқ ва Сурия ноком гузошт ва Вашингтонро ба шикаст кашонд.
-
Mar 14, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи сафари се рӯза, аз 20 исфанд (11 март) ҳафтаи ҷорӣ дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Ироқ рафт ва бо бисёре аз мақомот ва шахсиятҳои ироқӣ, аз ҷумла Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳур ва Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
-
Mar 14, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фармуданд: Дар муқобили таҳоҷуми ҳаддиаксарии душманон бояд ба басиҷи ҳаддиаксарии имконот, тавоноиҳо ва нерӯҳо иқдом кард, то дар бовари амиқи мардум ва масъулон ба зикри илоҳӣ ва таваккул ба Худо, Парвардигор ваъдаҳои содиқи худро дар бораи миллати бузурги Эрон муҳаққақ созад.
-
Mar 14, 2019
Тими футсоли Эрон бо касби 1663 имтиёз ҳамчунон дар раддаи сеюми бартарин тимҳои ҷаҳон қарор дорад.