Март 17, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон хоҳони густариши равобит бо ҳама ҳамсоягон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон алоқаманд аст, бо ҳама ҳамсоягони худ робитаи хубе дошта бошад, гуфт, агар бо бархе аз ҳамсояҳо ҳам мушкиле вуҷуд дорад, ин мушкил аз тарафи онҳо оғоз шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи мардуми Бушаҳр (ҷануби Эрон) бо таъкид бар ин ки ҳадафи Теҳрон тавсеа ва пешрафти ҳамаи минтақа аст, афзуд, Эрон бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Қатар, Умон, Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон, Афғонистон ва Покистон робитаи хубе дорад ва мехоҳад бо ҳама ҳамсояҳо робита дошта бошад. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба сафари худ ба Ироқ изҳор кард, равобити Эрону Ироқ дар минтақа ва ҷаҳон намуна ва мисолзаданӣ аст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд,  сафари серӯза ба Ироқ ва тавофуқҳое, ки бо ин кишвар анҷом шуд, ба ин маъност, ки робитаи Теҳрону Бағдод танҳо робитаи ду давлат нест, балки робитаи тамоми ақшор, гурӯҳҳо, шахсиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ аст.

Рӯҳонӣ бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба Эрон гуфт, бо вуҷуди ин ки Амрико, саҳюнистҳо ва бархе кишварҳои муртаҷеи минтақа бо ҳама тавон ба мардуми Эрон фишор ворид мекунанд, аммо ҳаргиз нахоҳанд тавонист миллати бузурги Эронро таслим кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ифтитоҳи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энержии кишвар бо сармоягузории 11-миллиарддолларӣ дар чор фазаи Порси Ҷанубӣ хабар дод ва хотирнишон кард, ифтитоҳи ин тарҳҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди фишори душманон Эрон ба роҳи худ идома хоҳад дод.

 

Барчасп