Ҷустуҷу
-
Nov 03, 2022
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал бо баёни ин ки ба гувоҳи таърих Амрико ҳаргиз нигарони ҳуқуқи башар дар Эрон набуда, аммо аз он ба унвони абзор сӯиистифода кардааст, гуфт, Амрико дар баргузории нишасти ғайрирасмии зиддиэронӣ ба корзори амалиёти равонии мутавассил шудааст.
-
Oct 26, 2022
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи ишғолгарони саҳюнист ба шаҳри Ноблус дар каронаи ғарбии Фаластин, ҳимояти бе қайду шарти Амрикову Ғарб аз режими ғосиби саҳюнистиро бузургтарин намунаи поймолсозии ҳуқуқи башар донист .
-
Jun 28, 2022
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе ба муносибати фарорасидани ҳафтаи бозхонӣ ва фишорҳои ҳуқуқи башарии амрикоӣ эълом кард, давлати Амрико на ҳомми балки ноқизи бузурги ҳуқуқи башар аст
-
Май 16, 2022
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, мавзӯи ҳуқуқи башар ба далели рӯйкарди конунҳои қудрати байналмилалӣ ба абзоре сиёсӣ барои пешбурди аҳдофи он конунҳо табдил шудааст.
-
Май 14, 2022
Козим Ғарибободӣ дабири ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба кашфи даҳҳо гури дастаҷамъӣ дар маҳаллӣ мадориси бумиёни амрикоӣ изҳор дошт: Бо вуҷӯди нақзи густардаи ҳуқуқи башар, Амрико ҳамчунон ба худаш иҷоза медиҳад то дигаронро дар хусӯси риояти ҳуқуқи инсонӣ насиҳат кунад.
-
Apr 21, 2022
Яке аз мароҷеъи тақлид дар шаҳри Қум дар маҳкумияти иҳонат ба Қуръони Карим ва беҳурмати ба Қудси шариф ва куштори мардуми Афғонистон дар паёме таъкид кард: Муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар бори дигар ҳайсияти худро бо тавҷеҳ кардани иҳонат ба Қуръони Карим ва сукут дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳои ғосиб ва амалиёти инфиҷори интиҳори дар Афғонистон бар бод доданд.
-
Mar 18, 2022
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба иқдоми саркӯбгаронаи режими оли Сауд дар эъдоми ҷамъии даҳҳо ҷавон дар Арабистон, стандартҳои дугонаи ҳуқуқи башарро оғозе бар поёни қудрати Ғарб ва фурӯпошии низоми султа донист.
-
Dec 02, 2021
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба ҷиноятҳои Садом, дектатори Ироқ зидди мардуми Эрон гуфт: Садом ин ҷиноятҳоро ба ҳимояти муддаиёни ҷаҳонии ҳуқуқи башар анҷом медод.
-
Nov 30, 2021
Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар дидоре дар Тошканд, ҳамкориҳои Узбакистон бо Созмони Милал ва сохторҳои тахассусии он дар заминаи ҳуқуқи башарро баррасӣ карданд.
-
Nov 02, 2021
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон сукути ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башарро омили густохиҳои режими ҷаълии Исроил дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид донист.
-
Oct 26, 2021
Муовини умури байналмилалии қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Муттаассифона, ҳуқуқи башар ба як коло ва абзори сиёсӣ барои эъмоли фишор ба кишварҳои мустақил ва дар ҳоли тавсеа, назири Эрон табдил шудааст.
-
Jun 23, 2021
Сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар вокуниш ба гузориши зиддиэронии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал Муттаҳид гуфт, ки ин санад бар асоси як дастури кори комилан сиёсӣ ва нозир бар ҳаҷми зиёде аз иттилооти ғайри дақиқ ва ривоятҳои нодуруст таҳия шудааст.
-
Май 30, 2021
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид ахиран ба оғози таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи ҷароими режими саҳюнистӣ дар таҷовузгарии 12 рӯза ба Навори Ғазза раъйи мусбат дод.
-
Mar 04, 2021
Ҳамкорамон оқои Халилӣ ба баррасии мавзӯи " Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия" пардохтааст, ки мешунавед.
-
Jan 22, 2021
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ (Human Rights Watch) аз Тоҷикистон хост, Дониёр Набиеви 81 соларо ҳарчӣ зудтар озод кунад.
-
Jun 16, 2020
Созмони дидбони ҳуқуқи башар аз ҳазфи номи Арабистони Саудӣ аз феҳристи сиёҳи кишварҳои кӯдаккуш дар гузориши дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интиқод кард.
-
Apr 13, 2020
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри якшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат идомаи таҳримҳои Амрикоро, ки амалан шомили таҳрими ғизо ва дору низ шудааст, поймолкунандаи оддитарин ҳуқуқи аввалияи башар донист.
-
Feb 24, 2020
Комиссари Кумитаи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Ховари Миёна бо интиқоди шадид аз ҳузури ғайриқонунии Туркия дар хоки Сурия таъкид кард, ки Туркия ҳақ надорад, ки ҳеҷ ирода ё дархостеро диктан кунад.
-
Dec 24, 2019
Намояндагони ақаллиятҳои динӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон қатъномаи ҳуқуқибашарӣ алайҳи Эронро маҳкум карданд. Онон муътақиданд, иддаоҳои унвоншуда дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ дар Эрон интибоқе бо воқеиятҳои мавҷуд надоранд ва танҳо дар ростои таблиғоти сиёсӣ ва зиддиэронӣ баён шудаанд.
-
Dec 22, 2019
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар эълом кард, дастгоҳи амниятии Иморот даҳҳо нафар аз наздикони афроди дастгиршуда ё мухолифони муқими ин кишварро мавриди озор ва азият қарор медиҳанд.