Муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар бори дигар ҳайсияти худро барбод доданд
Яке аз мароҷеъи тақлид дар шаҳри Қум дар маҳкумияти иҳонат ба Қуръони Карим ва беҳурмати ба Қудси шариф ва куштори мардуми Афғонистон дар паёме таъкид кард: Муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар бори дигар ҳайсияти худро бо тавҷеҳ кардани иҳонат ба Қуръони Карим ва сукут дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳои ғосиб ва амалиёти инфиҷори интиҳори дар Афғонистон бар бод доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии оятуллоҳ Ҳусейни Нуриҳамадонӣ, ин марҷаъи тақлид дар паёми худ оварда аст: Дар аёми шабҳои қадр ва шаби шаҳодати мувлои мутақиён ва имоми озодагон амиралмуъминин Али(а) шоҳиди ҳодисаҳои ғамбор ҳастем.
Дар ин паём омада аст муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар бори дигар ҳайсияти худро бо тавҷеҳ кардани иҳонат ба Қуръони Карим ва сукут дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳои ғосиб ва амалиёти интиҳори дар Афғонистон бар бод доданд.
Дар идомаи паёми ин марҷаъи тақлид омада аст: Имрӯз бар ҳамаи мусалмонон ва озодахоҳони олам лозим аст иҳонат бар Қуръони Каримро маҳкум карда ва ҳамчунин аз амалкарди режими саҳюнистӣ эъломи безори намоянд ва ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин изҳор кунанд.
Дар ин паём ҳамчунин омада аст: Куштори мардуми Афғонистон ва хусусан шиъаёни ҳодисаи ахир низ бисёр дарднок аст ва бояд маҳкум шавад.
Бар асари се инфиҷори пай дар пай дар муқобили як мактаби писарона сешанбеи ин ҳафта дар яке аз маҳаллаҳои шиъаёни ҳазора дар Кобул пойтаъти Афғонистон ҳудуди 6 нафар кушта ва 24 нафари дигар низ захми шуданд.