Ҷустуҷу
-
Dec 14, 2020
Давлаталӣ Назризода, сафири нави Тоҷикистон дар Украина устуворномаи худро ба Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.
-
Dec 14, 2020
Бо шиносоии 37 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 12 ҳазору 741 нафар расид.
-
Dec 14, 2020
Тимҳои миллии футболи ҷавонон ва навҷавонони Эрон чор мусобиқаи тадорукотӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.
-
Dec 13, 2020
Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 704 нафар расид.
-
Dec 13, 2020
Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама баландтаринро кормандони бонкҳо ва маоши аз ҳама поинтаринро деҳқонон мегиранд.
-
Ҳазинаи бахшҳои ҳунар ва варзиш, панҷ баробар бештар аз саноат ва сохтмонсозӣ дар будҷети Тоҷикистон
Dec 12, 2020Дар будҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон барои бахшҳои ҳунар ва варзиш 5 баробар бештар аз саноат ва сохтмонсозии манобеи молӣ пешбинӣ шудааст.
-
Dec 12, 2020
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетикаи ин кишвар дар бораи ҳамкориҳо дар ҳавзаи об ва энергетика гуфтугӯ кард.
-
Dec 12, 2020
Бо шиносоии 36 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид-19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 666 нафар расид.
-
Dec 12, 2020
Шӯрои олии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар ҳоле аз пазириши Ӯзбакистон ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақа ба унвони узви нозири хабар дод, ки Тоҷикистон шаш сол аст, ҳамчунон барои пайвастан ба ин созмон бар сари дуроҳӣ қарор дорад.
-
Dec 12, 2020
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвараш хост бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгир кунанд.
-
Dec 12, 2020
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳувияти 10 шаҳрванди ин кишварро, ки дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ноҳияи Дарвоз дар шимоли вилояти Бадахшони Афғонистон ҳузур доштанд, таъйид кард.
-
Dec 10, 2020
Мизони сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон зарфи 11 моҳи имсол нисбат ба соли гузашта 66 дарсад коҳиш доштааст.
-
Dec 10, 2020
Дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқ Ситоди вижаи ҷумҳуриявӣ таъсис шуд.
-
Dec 09, 2020
Бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 551 нафар расид.
-
Dec 09, 2020
Маошу дастмуздҳои батаъхирафтода дар Тоҷикистон дар 11 моҳи гузашта ба беш аз 74 миллион сомонӣ расидаву 41 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (наздик ба 3 миллиону 600 ҳазор доллар) афзоиш ёфтааст.
-
Dec 09, 2020
Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гузориши ахири Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи нақзи ҳуқуқи динӣ ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро ғайривоқеӣ, такрорӣ ва беасос хонд.
-
Dec 09, 2020
Маҷмӯаи достонии “Боғи шафтолу”, асари Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиби тоҷик, ки порсол дар Теҳрон ба чоп расид, дар интишороти “Адиб” –и шаҳри Душанбе бо шуморагони 500 нусха ва дар 164 сафҳа мунташир шуд.
-
Dec 08, 2020
Бо шиносоии 42 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 511 нафар расид.
-
Dec 08, 2020
Пизишки эронитабори амрикоӣ ва корманди воломақоми пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва дармони ин кишвар, кӯҳистонӣ будани Тоҷикистонро яке аз омилҳои аслии камтар ба Ковид - 19 мубтало шудани тоҷикҳо унвон кард.