Оғоз ба кори сафири нави Тоҷикистон дар Украина
(last modified Mon, 14 Dec 2020 17:36:52 GMT )
Декабр 14, 2020 22:36 Asia/Dushanbe
  • Давлаталӣ Назризода моҳи сентябр ба унвони сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд
    Давлаталӣ Назризода моҳи сентябр ба унвони сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд

Давлаталӣ Назризода, сафири нави Тоҷикистон дар Украина устуворномаи худро ба Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», ҳамчунин тарафҳо дар гуфтугӯи дуҷониба баъд аз тақдими устуворномаи сафири нави Тоҷикистон, перомуни масоили марбут ба тақвияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина ва тавсеаи бешттари ҳамкориҳои дуҷонибаву равобити ду кишвар дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар карданд.

Раиси ҷумҳурии Украина ҳам бо тавваҷуҳ ба равобити суннатӣ ва дӯстона миёни ду кишвар, ҳимояти худро аз тақвияти ҳамкориҳои Киев ва Душанбе эълом кард.

Давлаталӣ Назризода дар моҳи сентябр бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати сафири ин кишвар дар Украина таъйин шуд.

Вай пештар дар консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия ва Беларус фаъолият кардааст.

 

Бештар бихонед: