Таъсиси Ситоди ҷумҳуриявии назорат бар раванди масрафи барқ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Dec 2020 09:56:06 GMT )
Декабр 10, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ташвиқи мардум ба сарфаҷӯӣ аз вазифаҳои Ситоди ҷумҳуриявии назорат бар масрафи барқ дар Тоҷикистон аст
    Ташвиқи мардум ба сарфаҷӯӣ аз вазифаҳои Ситоди ҷумҳуриявии назорат бар масрафи барқ дар Тоҷикистон аст

Дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқ Ситоди вижаи ҷумҳуриявӣ таъсис шуд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, яке аз вазоифи ин ситоди ифшосозии дуздии барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ мебошад.

Дар нахустин нишасти ин ситод, ки ба раёсати генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик”баргузор гардид, бар зарурати шиддат ёфтани назорати ин ниҳодҳо бар раванди масрафи барқ дар кишвар таъкид шуд.

 

Дар Тоҷикистон аз имрӯз (панҷшанбе10 декабр) ҷирабанди(лимит)-и барқ лағв мешавад ва зарурати фарҳангсозӣ миёни мардум барои ташвиқи онон ба сарфаҷӯии барқ вуҷӯд дорад.

Ширкати давлатии Барқи Тоҷик бо интишори паёме аз бекор шудани ҷирабандии барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе (10 декабр) хабар доду аз мардум дархост кард, ки сарфаҷӯии барқро ҷиддӣ бигиранд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: