Мухолифати мақомоти қазоии Тоҷикистон барои ҷазби вакили ҳуқуқӣ дар дифоъ аз Муҳаммадмурод Одинаев
(last modified Tue, 15 Dec 2020 09:44:07 GMT )
Декабр 15, 2020 14:44 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон: Парвандаи Муҳаммадмурод Одинаев сиёсӣ нест
    Мақомоти Тоҷикистон: Парвандаи Муҳаммадмурод Одинаев сиёсӣ нест

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз мухолифати мақомоти қазоии ин кишвар барои ҷазби вакили ҳуқуқӣ дар дифоъ аз муовини боздоштшудаи ин ҳизб муҳаммадмурод Одинаев хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Раҳматуллоҳи Зоиров эълом кард, ки ин мақомот гуфтаанд парвандаи Муҳамадмурод Одинаев сиёсӣ нест ва ӯба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ боздошт шудаасту ниёзе ҳам барои ҷазби вакили мудофеъ аз сӯи ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистони вуҷуд надорад.

Зоиров ҳамчунин таъкид кардааст, ки талоши вай барои мулоқот бо муовини боздоштшудааш дар боздоштгоҳи додситонии ноҳияи Ҳисор бидуни натиҷа будааст, вале боз ҳам саъй хоҳад кард, ки ӯро бубинад.

Ин дарҳолест, ки додситонии кулли Тоҷикистон аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳамадмурод Одинаев, муовини ҳизби сотсал-демократии ин кишвар ба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ хабар дод.

 

Дар баёнияи додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳамадмурод Одинаев таъкид шудааст: далели боздошти вай таҳдиди кормандони идораи низомии ноҳияи Ҳисор буда ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст. Зеро вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати ҳарбӣ ии иқдомро ғайриқонӯнӣ хонда ва бо кормандони идораи низомии ноҳияи Ҳисор даргир шудааст.

Вай бо омадани кормандони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кард, ки дар ниҳоят пас аз гузашти наздик ба се ҳафта аз ин моҷаро Одинаев дар шаҳри Душанбе шиносоӣ ва боздошт шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп