Ҷустуҷу
-
Jul 17, 2023
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми аз тими миллии волеболи ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати қаҳрамони дар ҷаҳон тақдир карданд.
-
Jul 17, 2023
Тими миллии Эрон дар рақобатҳои кушти фарҳангии ҷавонон қаҳрамони Осиё дар Урдан, бо касби 5 медали талло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ зимни касби унвони қаҳрамонӣ, дар тамоми вазнҳо низ соҳиби медал шуд.
-
Jul 17, 2023
Мудири ҳамкориҳои байналмиллали Вазорати беҳдошт дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Ба зуди шуъбае аз Донишгоҳи улулми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсиси мешавад.
-
Jul 17, 2023
Вазири беҳдошт, дармон омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Таҳримҳои дорӯи ва таҷҳизотие, ки ба мо таҳмил шуд бар асоси тавон ва дониши мутахасисони мо ба фурсат табдил шуд.
-
Jul 17, 2023
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд. Таҳия кунанда: Нушин Муҷоб Гӯянда :Саидамир Гадоев
-
Jul 17, 2023
Содир Ҷаборов, раисиҷумҳӯри Қирғизистон гуфт: Шароити мусоъиде барои фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ эҷод шуда, ки авлавият бо ҳифзи ҳуқуқ ва манофеъи онҳо аст.
-
Jul 17, 2023
Вазири беҳдошт ва дармону омӯзиши пизишки бо ишора ба ин, ки тафоҳумномаҳоеро дар Тоҷикистон, имзо хоҳем кард, гуфт: Масъулон ва мардуми Тоҷикистон тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба ин кишвар тасҳил шавад.
-
Jul 17, 2023
Тӯфони ҳамроҳ бо раъду барқ дар соросари Амрико ба лағви беш аз ду ҳазор парвоз шуд.
-
Jul 17, 2023
Тими миллии валиболи Эрон бо шикасти Италия қаҳрамони мусобиқоти валиболи зери 21 соли ҷаҳон шуд.
-
Jul 16, 2023
Рӯзномаи саҳюнистии “Ҳааретз” дар гузорише навишт, доираи эътирозот ба ислоҳоти қазоии Натанёҳу дар Исроил густардатар мешавад.
-
Jul 16, 2023
Куштигирони эронӣ дар рузи нахусти рақобатҳои куштифарангии қаҳрамонии Осиё ду нишони тилло ва се биринҷ касб карданд.
-
Jul 16, 2023
Сокинони сарзаминҳои ишғолӣ рузи шанбе барои бистуҳаштумин ҳафтаи пай дар пай зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тарҳи ислоҳоти қазоӣ вай тазоҳурот карданд.
-
Jul 16, 2023
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба ин ки дар соли 1399 ҳаҷми табодул байни ду кишвар 57 миллион доллар буд гуфт: Дар ду соли гузашта ин мизон панҷбаробар шуд ва ҳаҷми табодул ба 240 миллион доллар расид.
-
Jul 16, 2023
Вазири беҳдошту дармон ва омузиши пизишки дар сафари ба Тоҷикистон бо тававҷуҳ ба зарфияти дохилии Эрон дар тавлиди дору ва таҷҳизоти пизишки аз ин тавон ба унвони меҳвари аслии сафар ба Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.
-
Jul 15, 2023
Дар се моҳи гузашта садҳо гектар аз мазраъаи хашхош дар минтақаҳои мухталифи вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон нобуд шуда аст.
-
Jul 15, 2023
Фардо 16 июл дар паркҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Душанбе,ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Хуросон намоишгоҳу фурӯши маҳсӯлоти кишоварзӣ баргузор мешавад.
-
Jul 15, 2023
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти олими муҷоҳид, ҳуҷҷатилисломи валмуслимин шайх Афиф Ноблусиро ба Саййидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таслият гуфтанд.
-
Jul 15, 2023
Федерасиюни футболи Осиёи марказӣ замони шурӯи мусобиқоти ҷоми футзали КАФА 2023 ( CAFA Futsal Cup - 2023 ),ро ки аз 23 то 28 июл дар Кохи теннис ва Маҷмаъаи варзишҳои обии Душанбе баргузор мешавад,таъйид кард.
-
Jul 15, 2023
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар идомаи рақобатҳои парадаввамайдонии қаҳрамонии ҷаҳон панҷ миллипӯши Эрон тавонистанд зимни касби як нишони тилло, як нуқра ва як бринҷӣ ва ду мақоми чаҳорумӣ ҳамагӣ саҳмияи параолимпии 2024 Порисро низ касб кунанд.