Вазири беҳдошти Эрон дар дидор бо вазири тандурӯстии Тоҷикистон: Таҳримҳои дорӯи ва таҷҳизотӣ барои Эрон ба фурсат табдил шуд
(last modified Mon, 17 Jul 2023 07:50:12 GMT )
Июл 17, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Вазири беҳдошти Эрон дар дидор бо вазири тандурӯстии Тоҷикистон: Таҳримҳои дорӯи ва таҷҳизотӣ барои Эрон ба фурсат табдил шуд
    Вазири беҳдошти Эрон дар дидор бо вазири тандурӯстии Тоҷикистон: Таҳримҳои дорӯи ва таҷҳизотӣ барои Эрон ба фурсат табдил шуд

Вазири беҳдошт, дармон омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Таҳримҳои дорӯи ва таҷҳизотие, ки ба мо таҳмил шуд бар асоси тавон ва дониши мутахасисони мо ба фурсат табдил шуд.

Ба гузориши Садо ва Симо, Баҳром Айнуллоҳӣ вазири беҳдошти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар  ҷаласаи муштарак бо Дуктур Абдуллоҳзода вазири  беҳдошт ва тандурусти Тоҷикистон афзӯд: Яке  аз нуқот   пешрафти ҳавзаи саломат дар Эрон идғоми омӯзиш дар дармон буд, идғоми омӯзиш дар дармон аз ҷумлаи стандардҳои ҷаҳоние аст, ки дар  ҳавзаи саломатии мо пиёда шуд.

Вай  гуфт: Мо дар  ибтидои Инқилоб  фақат донишгоҳи пизишки доштем ва акнун 67 донишгоҳи улуми пизишкӣ дорем ҳамчунин 270 ҳазор донишҷӯи улуми пизишкӣ дорем ба ҳамроҳи 22 ҳазор узви ҳайати илмие, ки натиҷаи идғоми омӯзиши дармон аст.