Июл 15, 2023 12:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари инқилоб ба дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар пайи даргузашти шайх Афиф Ноблусӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти олими муҷоҳид, ҳуҷҷатилисломи валмуслимин шайх Афиф Ноблусиро ба Саййидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин паём даргузашти олими муҷоҳид, ҷаноби ҳуҷҷатилисломи валмуслимин шайх Афиф Ноблусиро ба хонадони гиромиаш ва ба ҳамаи муҷоҳидони Лубнону Фаластин таслият гуфтанд ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои эшон масъалат карданд.
Шайхи Афиф Ноблусӣ, аз уламои шинохташудаи Лубнон ва аз ҳомиёни барҷастаи муқовимати исломӣ алайҳи режими саҳюнистӣ буд, ки субҳи ҷумъа баъд аз як давраи бемории тӯлонӣ даргузашт.
 

 

Барчасп