Pars Today
Вазири кишвари Тоҷикистон аз тавофуқ бо ҳамтои эронии худ дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои созмонёфта хабар дод.
Вазири кишвари Эрон дар дидор бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кард, иродаи ду миллат ва ду кишвар бар густариши ҳамкорӣ аст.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон имрӯз, сешанбеи якуми июни 2021 дидору гуфтугӯ карданд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳадафи гуфтугӯ ва ройзанӣ дар хусуси масоили дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ вориди Теҳрон шуд.
Равобити Эрону Тоҷикистон ҳамвора бо аҳаммият аст ва ин аҳаммият беш аз ҳар чиз ба сабаби пайвандҳо миёни ду кишвар аст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, ки дар сафари расмӣ дар Душанбе ҳузур дорад дидор ва гуфтугӯ кард.
Вазири кишвари Эрон, ки дар сафари расмӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад аз бозори Меҳргони шаҳри Душанбе боздид кард.
Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон. ки дар душанбе ҳузур дорад аз рушди Тоҷикистон дар 5 соли ахир ситоиш кард.