Феврал 23, 2021 19:42 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири кишвари Эрон дар Душанбе
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири кишвари Эрон дар Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, ки дар сафари расмӣ дар Душанбе ҳузур дорад дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон дар бахши амният, авзои минтақа ва ҷаҳон ва таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ин дидор таъкид шудааст, ки то ба имрӯз миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 160 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шудааст, ки ёддошти тафоҳум дар заминаи ҳамкориҳои амниятии шароити ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро фароҳам месозад. 

Аз ин рӯ имзои ин санади муҳимм миёни Вазорат  корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Эрон метавонад дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба нақши муҳим ифо намояд. 

Ҳамчунин дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ дар Душанбе дар бораи зарурати ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистон ва Эрон дар муқобила бо таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир ва муқобила бо густариши вируси корона баҳс ва табодули назар шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп