-
Зарурати суръат ёфтани аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Июл 09, 2017 04:59Нахуствазири Қирғизистон аз таъкиди мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва зарурати суръат ёфтани аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар дар хабар дод.
-
Баррасии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Туркманистон дар Ашқобод
Июл 09, 2017 04:23Сафири Тоҷикистон дар Ашқобод ва вазири роҳи оҳани Туркманистон дар дидоре, раванди сохти роҳи оҳани миёни ин ду кишвар аз қаламрави Афғонистонро баррасӣ карданд.
-
Коршиноси тоҷик: Толибон амнияти КАСА-1000-ро таҳдид намекунад
Июл 08, 2017 06:15Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бо ибрози хушбинӣ дар бораи дурнамои тарҳи интиқоли барқи КАСА-1000, бархе нигарониҳо дар бораи таъмини амнияти ин тарҳ дар қаламрави Афғонистонро то андозае бузургнамоӣ тавсиф кард.
-
Заъфи зерсохтҳо монеи дастрасии умумӣ ба оби тоза дар Тоҷикистон
Июл 08, 2017 05:31Коршиноси умури об дар Тоҷикистон мегӯяд, омили аслии дастрасӣ надоштани мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тоза набуди зерсохтҳои кофӣ ва созмонҳои маблағгузори таъмини об аст.
-
Нишасти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон
Июл 06, 2017 14:53Нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон ва нахуствазири Покистон имрӯз дар бӯстонсарои “Пуғус” дар ноҳияи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Ҳушдори Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи афзоиши қарзи хориҷӣ
Июл 05, 2017 05:29Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба мизони 39,4 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст, ки ин кишварро ба марҳалае хатарнок наздик хоҳад кард.
-
Истирдоди бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов аз Русия ба Тоҷикистон
Июл 05, 2017 04:51Мақомоти интизомии Тоҷикистон истирдоди бародарзодаи сарҳанг (полковник) Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи ин ҷумҳуриро аз Русия ба Душанбе таъйид карданд.
-
Боздиди 60 ҳазор нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи EXPO-2017
Июл 04, 2017 06:19Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи EXPO-2017 дар шаҳри Остона (Қазоқистон) дар қатори павилйонҳои 110 давлатҳои олам, мавқеи шоистаро ишғол карда, павилйони комилан ҷавобгӯ ба мавзӯи EXPO-2017 — «Энергияи оянда» эътироф шудааст.
-
Таъхир дар оғози парвозҳои ширкати Ямали Русия ба Тоҷикистон
Июл 04, 2017 04:41Аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирии ширкати русии Ямал ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон, ки қарор буд, аз аввали моҳи июл анҷом шавад, ба нимаи дуввуми моҳи сентябр мавкул шудааст.
-
Амният ва иқтисод - меҳвари музокираи намояндаи Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо
Июл 02, 2017 10:16Эркин Раҳматоллоҳзода, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бо гурӯҳе аз намояндагони ин иттиҳод дидор карда, тарафайн мавзӯоти муҳими минтақа, аз ҷумла ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.